Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ленц Эмилий Христианович

Ленц Эмилий Христианович

Ленц Эмилий Христианович
Расми (Сурат) Ленц Эмилий Христианович

Ленц Эмилий Христианович (24.2.1804, Тарту — 10.2.1865, Рим), физик ва электротехники рус, академик АФ Петербург (1830). Соли 1820 ба Университети Дерпт (Тарту) дохил шудааст. Ленц Эмилий Христианович соли 1823 таҳсилро хатм накарда, дар заврақи «Прдеарнетае», ки он ба саёҳати гирдиҷаҳонӣ баромада буд (1823— 26), ба сифати физик ба кор дохил шуд;

Барои тадқиқоти уқёнусшиносӣ соли 1828 ӯро адъюнкти АФ Петербург интихоб карданд. Ленц соли 1830 академияи экстроординарӣ ва 1834 академияи ординарии АФ Петербург интихоб шудааст. Аа соли 1836 мудири кафедраи физика ва географияи табиӣ ва аз 1863 ректори Университети Петербург. Соли 1833 усули муайян намудани самти ҷараёнҳои индуксияшударо ёфт, ки дар илм бо номи қоидаи Ленц маъмул гашт. Якҷоя бо Б. С. Якоби «Дар бораи қонунҳои электромагнитҳо» (к. 1—2, 1838—1844) китобе нашр намуд, ки дар он усулҳои ҳисобкунии электромагнитҳоро нишон дода, баргардандагии мошинҳои электриро муқаррар намудааст. Соли 1842 қонуни Ҷ. Ҷоулро дар бораи таъсири ҳарорати ҷараёни электрӣ бо таҷрибаҳои саҳеҳ асоснок намуд (Ниг. Қонуни Ҷоул Ленц). Доир ба таълими физика дар мактаби миёна «Васоити таълими оид ба физика» асаре навишт (1839), ки он 11 маротиба нашр гардид.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …