Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИСТЕМАИ ЗАБОН

СИСТЕМАИ ЗАБОН

СИСТЕМАИ ЗАБОН, маҷмӯи воҳидҳои забонӣ, ки ба ҳам робитаҳои муайяне доранд. Системаи забон аз якчанд системаҳои содда — системаи фонемаҳо, морфемаҳо, лексемаҳо ва ҷумлаҳо таркиб ёфтааст. Фонема, морфема, лексема ë калима, ҷумла воҳидҳои ин системаҳои содда мебошанд. Байни воҳидҳои Системаи забон ду навъи алоқа: тазод ва пурракунии ҳамдигар вуҷуд дорад. Навъи якуми алоқа ба воҳидҳои як система (дар як радиф воқеъгардида) хос аст. Масалан, аз ҷиҳати монандӣ ва зиддият фонемаҳои гуногунро ба ҳамдигар муқобил гузоштан мумкин аст (нигаред Фонема). Навъи дуюми алоқа ба воҳидҳои системаи гуногун (дар радифҳои гуногун воқеъгардида) хос аст. Системаҳои соддаро ба тавре паи ҳам ҷой додан мумкин аст, ки воҳидҳои радифи поëн барои ба вуҷуд овардани воҳидҳои системаи радифи боло хизмат мекунанд. Масалан, морфема аз воҳидҳои хурдтар — фонемаҳо, калима дар навбати худ аз морфемаҳо, ҷумла аз калимаҳо таркиб меëбанд. Воҳидҳои забон байни ҳамдигар алоқаи вобастагӣ доранд. Аз ин ҷост, ки тағйирёбии як воҳиди забонӣ боиси тағйирёбии воҳидҳои забонии дар радифи дигар воқеъгардида мешавад; воҳидҳои як радиф тағйир ëбанд дар радифи дигар ва дар тамоми Системаи забон тағйирот ба миëн меояд.

Назарияи аз системаи ягона иборат будани забонро аввалин бор Ф. де Соссюр ба миён гузоштааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …