Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯли СОЯ

Кӯли СОЯ

kuli-soya

СОЯ, кӯлест аз силсилаи кӯлҳои Марғзор. Дар водии дарёи Шинг (шохоби рости дарёи Моғиён, ҳавзаи дарёи Зарафшон), дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Ҳисор воқеъ гаштааст. Баландиаш аз сатщи баҳр 1598 метр Кӯл аз Ҷанубу Шарқ ба Шимолу Ғарб 620 м тӯл кашидааст. Масоҳати сатҳи он 0,07 км2, бараш ба ҳисоби миёна 113 м, ҷои чуқуртаринаш 37,2 м; ҳаҷми об 1,52 млн м3. Майдони обҷамъкунии кӯл 280 км2. Оби дарёи Шинг аз кӯли Ҳушор баромада, ба кӯли Соя мерезад. Кӯл дар натиҷаи канда шуда афтидани кӯҳпора ва банд шудани дарёи Шинг ба вуҷуд омадааст.  Ю. С. Усков.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …