Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯли Нофин

Кӯли Нофин

Нофин, кӯлест дар дараи Шинги райони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Дар нишебии шимоли қаторкӯҳи Ҳисор, дар қисми миёнаоби дарёи Шинг (шохоби рости дарёи Моғиён, ҳавзаи Зарафшон) воқеъ гаштааст. Баландии кӯл аз сатҳи баҳр 1779 м. Масоҳаташ 0,50 км2, т ӯ л и он 2750 м, бараш ба ҳисоби миёна 182 м, ҷои чуқуртарини кӯл 41,3 м, ҳаҷми об 5,87 млн м3.

Соҳилҳояш каму беш каҷу килеб ва баланд. Дарёи Шинг аз кӯли Хурдак ҷорӣ шуда, ба Нофин мерезад. Ба Нофин дарёчаи Ангор (Товасанг) низ ҳамроҳ мешавад. Кӯл дар натиҷаи канда шуда фуромадани кӯҳпора ва банд шудани маҷрои дарёи Шинг ба вуҷуд омадааст. Баландии банди кӯл 53 м, дарозиаш 250 м. Оби Нофин аз байни банд роҳ ёфта, ба кӯли Ҳушёр, ки ноёнтар аз он  воқеъ аст, мерезад. Кӯл фақат пулакчамоҳӣ дорад. То Нофин роҳи мошингард ҳаст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …