Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯли Никарагуа

Кӯли Никарагуа

(Nicaragua), кӯлест дар Никарагуа, калонтарин кӯл дар Американ Марказӣ. Масоҳаташ 8430 км2. Чуқуриаш то 70 м. Дар пастхамии тектоникӣ, дар баландии 32 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Д. Типитапа, ки аз кӯли Манагуа ҷорӣ мешавад, ба Никарагуа мерезад. Оби Никарагуа ба воситаи дарёи Сан- Хуан ба баҳри Кариб равон мешавад. Соҳилҳояш асосан паст. Дар қисми ғарбии Никарагуа ҷазираи вулқонии Ометепе воқеъ гаштааст. Кӯл киштигард ме­бошад. Бо мақсади ба ҳам пайвастани уқёнусҳои Атлантику Ором лоиҳаҳои аз байни Никарагуа гузаронидани канал тартиб дода шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …