Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯли Нижгон

Кӯли Нижгон

Нижгон, кӯлест дар дараи Шинги pайони Панҷакенти вилояти Ленпнобод. Аз саргаҳи дара кӯли ҳафтумин (охирин) мебошад. Дар нишебии шимоли қаторкӯҳи Ҳимсор ва миёнаоби дарёи Шинг (шохоби рости дарёи Моғиён) воқеъ аст. Баландин кӯл аз сатҳи баҳр 1558 м. Масоҳаташ. сатҳаш дар давраи пуробӣ 0,05 км2, тӯлаш 750 м, бараш ба ҳисоби миёна 67 м, ҷои аз ҳама чуқу­ри Нижгон 20 м, хаҷми об 0,38 млн м3 . Оби дарёи Шинг аз кӯли Соя баромада, ба кӯли Нижгон мерезад. Оби кӯли Нижгон дар вақти пуробӣ аз болои оббанд ва камобиаш аз байни сангҳои оббанд ҷорӣ мешавад. Нижгон дар натиҷаи канда шуда фуромадани кӯҳпора ва банд шудани маҷрои дарёи Шинг ба вуҷуд омадааст. Аз паҳлуи кӯл роҳи мошингард мегузарад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …