Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯҳҳои Паропамиз

Кӯҳҳои Паропамиз

Кӯҳҳои Паропамиз, системам кӯҳиест дар қисми шимоли ғарбия Афғонистон. Доманакӯҳҳои ғарбии он — баландиҳои Бодхез ва Қаробел дар территорияи Республикаи Советии Сотсиалистии  Туркменистон воқеъ гаштаанд. Паропамиз аз қаторкӯҳҳои ба самти арз кашолёфта (Бан­ди Туркистон, Сафедкӯҳ, Сиёҳкӯҳ ва ғайра) иборат мебошад. Тӯлаш 600 километр, бараш то 250 километр.

Баландин қисми зиёди кӯҳҳо 3000—3500 метр, ҷои ба- ландтаринаш 4565 метр (дар қаторкӯҳи Ҳисор, назди сарҳади Паропамиз ва Ҳиндукуш). Баъзан яке аз қаторкӯҳҳои ҳамин системаро Паропамиз меноманд, ки on дар баини д-ҳои Ҳарируд ва Мур- гоб ҷой гирифтааст, тӯлаш қариб 200 км. Кӯҳҳо aicocan аэ оҳаксангу варақсанг, дар Ҷ. ва Ш. бошад, аз гнейсу гранктдо таркиб ёфтаанд; онҳоро водии д-.\он Мурғоб, Сурхоб, Ҳарируд ва г. бурида гузаштаалл. Доманаҳои шимолии кӯҳҳо бо қабати лёсс пӯшида шудаанд.

Иқлими Паропамиз субтропикии континентӣ; дар водиҳо ҳаpopат моҳи июл 24—30° Селсия. январ О—89 Селсия. Боришоти солона дар дома- накӯҳхо 100—200 миллиметр, дар кӯҳҳо то 350 миллиметр ва бештар. Ландшафташ асосан биёбонию даштии кӯҳист. Баъ­зан арчазору пистазори сирак ва бешаҳои дарахтони пахнбарг вомехӯранд. Дар кӯҳҳои баланд нахчир, ғурм (гӯсфанди кӯҳӣ), дар дар ҳамвориҳои наздикӯҳӣ ғизол, гӯрхар мечарад. Хояндаву хазандаҳо низ бисё­ранд; Дар водиҳои байникӯҳӣ (калонтаринаш Қирот) ғалла’ (асосаи гандум), сабзавот мекоранд; растаниҳои мевадори субтропикӣ (ток, анҷир, анор ва ғайра) мепарваранд; тобистон дар кӯҳҳо чорво мечаронанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …