Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНИСЛАВСКИЙ Константин Сергеевич

СТАНИСЛАВСКИЙ Константин Сергеевич

konstantin_sergejewitsch_stanislawski

СТАНИСЛАВСКИЙ (аслан Алексеев) Константин Сергеевич (17. 1. 1863, Мооква — 7. 8. 1938, ҳамон ҷо), актёр, режиссёр, педагоги советӣ, назариячии театр. Артисти Халқии СССР (1936). Асосгузори илми театршиносии муосир ва равияи нав дар реализми саҳнавӣ. Аввалин бор ҳамчун актёр, рақ қос ва сароянда баромад кард ва дере нагузашта «Кружоки Алексеев»-ро таъсис намуд, ки асосан водевил ва опереттаҳои тарҷумавиро ба саҳна гузошт. Соли 1888 ҳамроҳи режиссёр А. Ф. Федотов ва сарояндаву педагог Ф. П. Комиссаржевский Ҷамъияти санъат ва адабиётро ташкил кард. Соли 1898 Станиславский якҷоя бо В. И. Немирович-Данченко Театри бадеии Москва (МХТ)-ро таъсис кард, ки дастаи ҳунарпешагони онро актёрони Ҷамъияти санъат ва адабиёт, дигар шогирдони Станиславский ташкил медоданд. Ба саҳна гузошта шудани «Моҳихӯрак»-и А. П. Чеков (1898) тавлиди МХТ ва ибтидои равияи нав дар санъати саҳнавии ҷаҳонӣ гардид. Соли 1900 дар назди МХТ Студияи 1-умро ташкил кард. Пас аз Револютсияи Октябр дар фаъолияти режиссёрӣ, педагогӣ ва назарии Станиславский марҳилаи нав оғоз шуд. Спектаклҳои «Дили пурҳарорат»-и А. Островский (1926)    , «Рузи буқаламун ё зангирии Фигаро»-и П. Бомарше (1927) мукаммалу ҷаззобанд. Спектакли «Поезди зиреҳпуши 14—69»-и В. Иванов (1927) падидаи муҳимми эҷодиёти Станиславский буд. Ислоҳоти санъати саҳнавиро дар театри мусиқӣ, низ татбиқ намудааст. Соли 1916 дар назди Театри Калон Студияи операвӣ (баъдтар Театри операи ба номи К. С. Станиславский) ва соли 1935 Студияи операвию драмавиро таъсис кард. Фаъолияти Станиславский ба мактаби режиссёриву актёрии советӣ таъсири бузург расонд. Аввалин режиссёре, ки системаи Станиславскийро дар санъати театри тоҷик татбиқ намуд, Е. И. Мителъман буд. Ӯ ба сифати спектакли дарсӣ «Макр ва муҳаббат»-и Шиллерро (1936) интихоб кард, ки ин қувваҳои эҷодии театрро бо методи реализми социалистӣ, анъанаҳои беҳтарини театри классикӣ ва советии рус ошно гардонд. Дар Москва, дар биное, ки Станиславский мезист, музей ташкил шудааст. Бо ордени Ленин ва ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.

Асар: Собр. соч., том 1—8, Москва, 1954—61.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …