Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ҚИЗИЛӮРДА

Вилояти ҚИЗИЛӮРДА

ҚИЗИЛӮРДА, вилоятест дар ҳайати РСС Қаз. 15 янв. 1938 ташкил шудааст. Масоҳ. 228, 1 ҳаз. км3. Аҳолиаш 604 ҳаз. наф. (1984), аҳолии шаҳрӣ 66%. Вилоят 8 район, 3 шаҳр ва 9 птш дорад. Марказаш ш. Қизил урда. Вилоят дар поёноби д. Сир, асосан дар ҳудуди пастии Турон воқеъ гашта, аз Ғарб бо б. Арал ҳамҳудуд аст. Ҳарор. миёнан янв. —10вС, июль 26—28вС. Боришоти солона 100 —175 мм. Вилоят корхонаҳои саноатӣ хурокворӣ, бофандагӣ ва ғ. дорад. Намаки англисӣ ва намаки ош истихроҷ мекунанд. Чорводории чарогоҳӣ (асосан гусфандҳои қароқулӣ) ривоҷ меёбад. Заминҳои кишт обёришавандаанд. Қ. ноҳияи асосии шоликории Қазоқистон аст. Дар б. Арал киштӣ мегардад. Вил. бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1967).

kyzylorda_in_kazakhstan

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …