Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ҚИЗИЛӮРДА

Шаҳри ҚИЗИЛӮРДА

ҚИЗИЛӮРДА, шаҳр, маркази вил. Қизилурдаи РСС Қаз. Дар соҳили рости д. Сир ҷойгир шудааст. Ст. р. о. Аҳолиаш 180 ҳаз. наф. (1984). Корхонаҳои муҳимми саноатиаш: комб-ҳои целлюлозаю қоғаз, масолеҳи бинокорӣ, хонасозӣ, з-ди «Автотракторо деталь», ф-каҳои пойафзол, дузандагӣ, трикотаж ва корхонаҳои саноати хурокворӣ. Ин-ти педагогӣ, техникуми политехникӣ, омузишгоҳҳои тиббӣ ва педагогии занону духтарон, инчунин театри драмаи қазоқ, музеи таърихию кишваршиносӣ дорад. Дар атрофи Қ. хоҷагиҳои калони шоликорӣ мавҷуданд. Қ. соли 1820 бо номи Оқмачит ҳамчун қалъаи хонии Хуқанд ба вуҷуд омадааст. Июли 1863 Оқмачитро армиям рус бо сардории генерал В. А. Перовский ишғол кард ва шаҳр аввал форти Перовский, дертар ш. Перовский номида шуд. С. 1925 Қ. ном гирифт. Аз с. 1926 то 1929 пойтахти Қазоқистон буд.

vorota-goroda

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …