Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУДАИ КАЛОН – Қизилтеппа

ТУДАИ КАЛОН – Қизилтеппа

ТУДАИ КАЛОН, Қизилтеппа, қасабаи деҳқонони муқимӣ дар шимолу ғарбии шаҳри Фарғона, дар соҳили рости дарёи Сир, 10 км ҷанубтари деҳаи Ашти вилояти Ленинобод, мансуб ба асрҳои 3—8. Аз соли 1959 ходимони сектори археологияи Институти таърихи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон чанд сол ҳафриёт гузарониданд. Тудаи Калон теппаи шаклан нимдоираест (баландиаш 10 м). Дар самти шарқиаш хавлии ҳамворе (баландиаш 2,5 м) буд. Қабати поёнӣ аз майдони хурди чоркунҷа иборат аст. Дар кунҷҳо манораҳои дуқабатаи росткунҷа воқеанд. Биноҳои қабатҳои поёни манораҳо аз даҳлезҳо иборат буда, барои хоҷагӣ истифода мешуданд. Онхо бо хонаҳои иқоматии қабатҳои боло бо зинаҳои серпояи хиштӣ (46—48X28— —30×8—9 см) пайваст буданд. Аз Тудаи Калон асбобҳои оханин, ашёи зебу зинат, зарфҳои сафолӣ, чархҳои дастӣ ёфт шудаанд. Ин қабат ба охири асри 3— ибтидои асри 5 мансуб аст. Қабати миёнаи иқоматӣ қалъаи дуошёна буда, дар ҷои қасабаи манорадор сохта шудааст. Биноҳои қабатҳои боло ва поён бо зинаи серпояи гилин пайваст буданд. Дар маркази қабати дуюми қалъа қабулгоҳи калон кушода шуд. Дар қад-қадди девори он аз хишти хом суфаҳо сохта шудаанд. Дар натиҷаи ҳафриёт осори якчанд корхонаҳои ҳунармандӣ ба назар расид. Ба бошандагони Тудаи Калон ресмонресӣ, истеҳсоли филизот, алалхусус таҳвили маъдани мис маълум буд. Дар яке аз биноҳои қалъа маснуот аз устухони фил ёфт шуд: дар рӯи яке аз устухонҳо акси олиҳаҳои ғалаба — Ника ва Викторияи чанбаргул дар даст тасвир ёфтааст. Е. Д. Салтовская.ТУДАИ КАЛОН, Қизилтеппа, қасабаи деҳқонони муқимӣ дар шимолу ғарбии шаҳри Фарғона, дар соҳили рости дарёи Сир, 10 км ҷанубтари деҳаи Ашти вилояти Ленинобод, мансуб ба асрҳои 3—8. Аз соли 1959 ходимони сектори археологияи Институти таърихи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон чанд сол ҳафриёт гузарониданд. Тудаи Калон теппаи шаклан нимдоираест (баландиаш 10 м). Дар самти шарқиаш хавлии ҳамворе (баландиаш 2,5 м) буд. Қабати поёнӣ аз майдони хурди чоркунҷа иборат аст. Дар кунҷҳо манораҳои дуқабатаи росткунҷа воқеанд. Биноҳои қабатҳои поёни манораҳо аз даҳлезҳо иборат буда, барои хоҷагӣ истифода мешуданд. Онхо бо хонаҳои иқоматии қабатҳои боло бо зинаҳои серпояи хиштӣ (46—48X28— —30×8—9 см) пайваст буданд. Аз Тудаи Калон асбобҳои оханин, ашёи зебу зинат, зарфҳои сафолӣ, чархҳои дастӣ ёфт шудаанд. Ин қабат ба охири асри 3— ибтидои асри 5 мансуб аст. Қабати миёнаи иқоматӣ қалъаи дуошёна буда, дар ҷои қасабаи манорадор сохта шудааст. Биноҳои қабатҳои боло ва поён бо зинаи серпояи гилин пайваст буданд. Дар маркази қабати дуюми қалъа қабулгоҳи калон кушода шуд. Дар қад-қадди девори он аз хишти хом суфаҳо сохта шудаанд. Дар натиҷаи ҳафриёт осори якчанд корхонаҳои ҳунармандӣ ба назар расид. Ба бошандагони Тудаи Калон ресмонресӣ, истеҳсоли филизот, алалхусус таҳвили маъдани мис маълум буд. Дар яке аз биноҳои қалъа маснуот аз устухони фил ёфт шуд: дар рӯи яке аз устухонҳо акси олиҳаҳои ғалаба — Ника ва Викторияи чанбаргул дар даст тасвир ёфтааст. Е. Д. Салтовская.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …