Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ҚИЗИЛБОШҲО

ҚИЗИЛБОШҲО

kizilbashi

ҚИЗИЛБОШҲО, қизилбошиҳо, (туркӣ — «калласурхон»), иттиҳоди қабилаҳои бодиянишини туркҳои Осиёи Хурд, Сурия ва Озарбойҷон (нимаи дуюми а. 15 номи Қ.-ро гирифтааст). Онҳо ба шарафи 12 имоми шиа аз матои сурхи дувоздаҳраха салла мебастанд. Қ. такьягоҳи асосии ҳарбии тариқати сафавияи шиа буданд ва бо сардории шайхҳои сафавия ба мамлакатҳои ҳамсояи ғайриисломӣ (Гурҷистон, империяи Тарабзон ва ғ.) ҳуҷум мекарданд. То ох. а. 16 ашрофони қизилбош дар давлати Сафавиён мавқеи ҳукмронро ишғол мекарданд; аз байни онҷо амалдорони дарбор ҳокимони вилоятҳо ва лашкаркашон таъин мешуданд; Қ. заминҳои зиёдеро дар ихтиёр доштанд. Баъди истилоҳоти ҳарбии Аббоси I (ох. а. 16 армияи мунта зам ташкил гардид) мавқеи сиёсии Қ. хеле суст шуд.

Қ. Асадуллоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …