Маълумоти охирин
Главная / Илм / ҚИЁС – силлогизм

ҚИЁС – силлогизм

ҚИЁС (ар. — муқоиса, андоза гирифтан миёни ду чиз), силлогизм, шакли дедуктивии хулосабарориро гуянд, ки аз ду муқаддима як хулосаи мантиқӣ бароварда мешавад. Мас., Ҳамаи филизот қувваи электрро мегузаронанд, Мис филиз аст. Пас, мис қувваи электрро мегузаронад.

Қ. дар осори Арасту ва дигар намояндагони мактабҳои гуногун (машшоъ, равоқиён ва ғ.)-и давраи атиқа баррасӣ шуда буд. Дар асрҳои миёна назарйяи Қ.-ро Форобӣ ва Ибни Сино барин файласуфони Шарқ инкишоф доданд. Мас., Ибни Сино алоқаи байни қазияҳои ҳамлию шартиро таҳдид карда, Қ.-ҳои таркибии инкориоро ихтироъ кард, ки дар мантиқи имрӯза бо формулам …. ифода мешаванд. Дар давраи нав Ф. Бекон ва Р. Декарт ҷиҳатҳои гуногупи Қ-ро ҳамчун унсури мантиқи анъанавӣ тадқик кардаанд.

Қ. навъҳои гуногун (К-и ҳамлӣ, шартӣ, мураккаб ва ғ.) дорад. Дар мантиқи суварӣ (шаклӣ)-и ҳозира Қ.-ҳои (хулосабарориҳои дедуктивии) бевосита (аз як муқаддима) ва бавосита (аз ду ё зиёда муқаддима) мавҷуданд.

Усули Қ. дар бунёди назарияҳои илмӣ, фарзияҳо ва умуман донишҳои илмӣ васеъ ба кор бурда мешавад. Як қатор мафҳумҳои назариявии илмӣ тавассути Қ. (табиати садо дар асоси муқоиса бо мавди баҳр, рӯшноӣ дар муқоиса бо садо, электр дар муқоиса бо рушноӣ ва ғ.) шарқ ёфтаанд. Бунёди моделҳои математики, ҳодисаҳои гомоморфизм ва изоморфизм, асосҳдои мантиқии моделҳои кибернетики натиҷаи Қ.-ҳои муносибат, айният ва хоссаанд. Дар илмҳои ҷамъиятӣ низ хулосабарорӣ аз руи Қ. мавқеи муҳим дорад.

Ҷ. Шамсиддинов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …