Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚИЁМОВ Шамсӣ

ҚИЁМОВ Шамсӣ

ҚИЁМОВ Шамсӣ (тав. 1. 1. 1920, Самарқанд), режиссёр ва драматурги советии тоҷик. Студияи тоҷикӣ (1941) ва фак-ти режиссёрии Ин-ти давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарский ро (1952) хатм кард. Артисти Хизматнишондодаи РСС Тоҷ. (1945). С-ҳои 1941—431 актёр ва режиссёр, саррежиссёри Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ, режиссёри студияи «Тоҷикфильм», саррежиссёри студияи телевизиони тоҷик ва Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон буд. Аз с. 1981 доценти Ин-ти давлатии санъати ба номи М. Турсунзода.

Фаъолияти эҷодиаш аз с. 1937 оғоз ёфт. Зиёда аз 25 асари драматурги— драма., мазҳака, новела, пьеса-афсона, либреттои балетҳо ва киносценарияҳо дорад.

Қ. дар асарҳояш ба мавзуъҳои таърихию революционӣ, образҳои

В.    И. Ленин, Н. К. Крупская, С. Opҷоникидзе, меҳнати коргарони ГЭС-и Норак муроҷиат кардааст. Дар баъзе пьесаҳояш урфу одатҳои зараровар, камбудӣ ва норасоиҳои иҷтимоии имрӯзаро ҳаҷв намудааст. Пьесаҳояш дар театрҳои республикаҳои Осиёи Миёна намоиш дода мешаванд. Ба забони тоҷикӣ асарҳои драмавӣ» муаллифони СССР ва хориҷӣ, аз ҷумла, «Ревизори маҷбурӣ»-и С. Mихальков, «Пайрангҳои Скапен» Мольер, «Ишқи африкоӣ»-и П. Мериме ва ғ.-po тарҷума кардааст. Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва грамотаҳо мукофотонида шудааст. Аъзои ИК СССР (аз с. 1959) ва ИН СССР (аз с. 1962).

Ос.: Аз бало ҳазар. Маҷмуаи драмаҳо, д 1987.

М. Музаффарова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …