Главная / Илм / КИТОБИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ (АБӮҲАНИФА)

КИТОБИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ (АБӮҲАНИФА)

Китобе, ки дар дасти мубораки хонандаи азиз ва пешорӯйи дидагони борикбини аҳли назар қарор гирифтааст, дар таърихи мазҳабшиносии тоҷик падидае дигар буда, дар он ба таври муфассал андешаҳову нигоштаҳои муҳаққиқи исломшинос – Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр (Тӯраев Бурҳониддин Бузургович) оид ба аҳвол ва осори лозаволи яке аз барҷастатарин шахсиятҳои олами Ислом – муассиси мазҳаби муҳаззаби ҳанафия (маъруф ба мазҳаби Имоми Аъзам) инсони комил ва фақеҳи кабиру имоми шаҳир (аз шумори тобиъин), яъне, «Чароғи уммат» – Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа  (р) (699 м. – 767 м). рӯи авроқ навишта шуда…

pdfҲамчунин, ба ғайр аз бозшинохти аҳвол ва осори Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), дар китоби ҳозир дар бораи таърихи пайдоиши равия, мазҳабҳову фирқаҳо ва тариқаҳову силсилаҳои Ислом ва ба хусус, мазҳаби муҳаззаби ҳанафия, низ маълумоти мукамал дода шудааст. Борбардории китоб (качать) >>>> 

Китоб ба лутфу табъи мубораки диншиносон (ҳақшиносон), мударрисони мадорис ва донишкадаи исломӣ, устодону донишҷуёни донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвари соҳибистиқлол ва ба ҳамаи он азизоне, ки ба масоили исломшиносӣ, ба хусус, ба омӯзиши фарҳанги тамаддуни исломӣ пажӯҳиш мебаранду барои интишори дини мубини Ислом ва ривоҷу густариши беҳтарин мазҳаби Ислом – мазҳаби муҳаззаби сироҷи умам – мазҳаби Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) (яъне, ҳанафия ки қадимтарин ва беҳтарин мазҳаб буда, аз он бӯи файзи Расулуллоҳ (с) ва асҳоби Расули акрам (с) ба машоми мӯъминон мерасад) дастандаркоранд, пешкаш мегардад.

© Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр – «Нодир» 2000.

© Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр – «Мавлавӣ» 2008.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

САФАР

САФАР (арабӣ — тиҳӣ, холӣ), моҳи дуюми солшумории қамарии ҳиҷрӣ, ки аз 30 рӯз иборат …