Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Кислотаи Напалм

Кислотаи Напалм

Напалм (англ. napalm, мухтасар аз nа (phthenic acid) — кислотаи нафтенӣ ва palm (itic acid)—кисло­таи палмитинӣ), маҳсулоти сӯзандаест, ки ба сифати омехтаҳои оташзан ва оташфишон истифода меша­вад. Напалм моддаи часпак буда, зуд дармегирад, оҳиста сӯхта дуди ғализу сиёҳи сӯзон (ҳарорати шӯълааш вобас­та ба навъи сӯзишворӣ 900—1100°С) хориҷ менамояд ва ба объектҳои мавриди зарба навз мечаспад. Дар ШМА дар асоси полистирол Напалми навъи «В» ихтироъ карда шудааст, ки ҳатто ба сатҳҳои нам ҳам мечаспад. Ҳангоми ба Напалм илова кардани маг­ний ва дигар оксидкунандаҳои ғайриорганикӣ ҳарорати то 1600° С баланд мешавад, ки дар чунин ҳарорати аз дажғоли ҳосилгашта ҳатго конструксияҳои металлӣ месӯзанд. Агар ба Напалм хӯлаи металлҳои сабук илова кар­да шавад, омехта ба ҳадаф расида худ аз худ дармегирад (хусусан ҳангоми тар будан ё бо барф пӯшида шудани ҳадаф). Ин навъ Напалмро супернапалм меноманд. Ингуна Напалмро бо об хомӯш кардан мумкин нест. Напалмро дар бомбаҳои авиатсионӣ, фугасҳои оташфишон, оташфишонҳои дастӣ ё механиконида, патронҳои оташзананда ва ба вуҷуд овардани сухторҳо истифода мебаранд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …