Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ҚИРҒИЗИСТОН

ҚИРҒИЗИСТОН

ҚИРҒИЗИСТОН, Республикаи Советии Социалистии Қирқизистон (Кыргыз Советтик Социалистик Республикасы, Кыргызстан), дар шим. шарқи Осиёи Миёна воқеъ аст. Масоҳ. 198,5 ҳаз. км2. Аҳолиаш 4051 ҳаз. наф. (1986); қирғизҳо (1687 ҳаз. наф., 1979), русҳо, украинҳо, узбекҳо, тоҷикон ва ғ. Аҳолии шаҳрӣ 39%. 4 вилоят, 40 район, 21 шаҳр ва 28 птш дорад. Пойтахташ ш. Фрунзе.

kirgiziya

Қ. дар ҳудуди к-ҳои Помиру Олой (дар ҷан. ғарб.) ва Тиёншон (дар шим. шарқ), ки то 7439 м (д. Ғалаба) қад кашндаанд, ҷойгир шудааст. Қаторкуҳхоро воҳаҳои Чу, Таласи (дар шимол), Олой (дар ҷануб) ва қисми шарқии водии Фарғона (дар ҷан. ғарб) аз ҳам ҷудо кардаанд. Иқлим континентист. Ҳарор. миёнаи янв. дар водиҳо аз —1,5 то — 8°С, дар баландкуҳҳо то —20°С, июль дар водиҳо 20—27*С ва 15—17°С, дар баландкуҳҳо 5*С. Боришоти солона аз 180—250 мм (дар шарқи к-ҳои Тиёншон) то 900—1000 мм (дар нишебиҳои ҷан. ғарбии қ-куҳи Фарғона). Дарьёҳо (калонтаринашон Норин) асосан ба д. Сир ҷорианд; гидроэнергияи бой доранд; бештар барои обёрӣ истифода мешаванд. Кулҳо бисьёранд (калонтаринашон Иссиқул). Хокаш асосан хокистарранг, дар куҳҳо —хурмоӣ ва сиёҳхоки куҳӣ. Дар, пастиҳо растаниҳои биёбонӣ ва нимбиёбонӣ меруянд; дар куҳсор бешаву марғзорҳо мавҷуданд.

Дар ҳудуди ҳозираи Қ. ҷамъияти синфӣ ҳануз а-ҳои 7—6 то м. ба вуҷуд омад. Дар а-ҳои 6—12 ин сарзамин ба ҳайати Хоқонии турк, давлатҳои тургашҳо, қарлуқҳо ва Қарахониён дохил мешуд. А-ҳои 13— нимаи якуми а. 16 дар тасарруфи муғулҳо ва ойротҳо буд. Нимаи дуюми а. 15 халқияти қирғиз асосан ташаккул ёфт. Дар нимаи якуми а. 19 тобеи хонии Хуҷанд буд. С. 60-70-и а. 19 тамоми  Қирғизистон ба ҳайати Россия дохил гардид. Дар Қ. Ҳокимияти Советӣ нояб. 1917— июни 1918 барпо гардид. Ҷанги гражданӣ нояб. 1920 ба итмом расид. С-ҳои 1921—22 ислоҳоти обу замин гузаронида шуд. Аз руи таъиноти миллию давлатии Осиёи Миёна 14 окт. 1924 дар хайати РСФСР ва Қароқирғиз (аз 25 майи 1925 Қирғизситон) таъсис ёфт, ки он 1 февр. 1926 ба РАСС Қирғизистон табдил дода шуд. Аз 5 дек. 1936 республикаи Итифоқӣ мебошад. Бо 2 ордени Ленин (1957, 1963), орденҳои Революцияи Октябрь (1974) ва Дустии халқҳ (1972) мукофотонида шудааст.

ПК Қирғизистон с. 1937 таъсис ёфт. 1 янв. 1986 шумораи аъзоёни партия 139195 наф. ва номздҳо ба аъзогии партия 5271 наф. буд; аъзоёни комсомол —668130 наф.. аъзоёни иттифоқҳои касаба —1501000 наф.

Дар натиҷаи дигаргунсозиҳои социалистӣ Қ. ба республикаи индустриявӣ ва х.қ.-аш мутараққӣ табдил ёфт. С. 1981 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба с. 1940-ум 38 маротиба афзуд. Соҳаҳои асосии саноаташ: истихроҷи маъдани куҳӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва хурокворӣ. Дар ҷан. ғарби республика ангишт, нефт ва газ истихроҷ мекунанд. Дар д. Норин ГЭС-ҳои Тухтагул, Учқурғон, Дурудсой ва ғ. сохта шудаанд. Силсилаи ГЭС-ҳои Аламадин (6 станция) ва ТЭЦ-и Фрунзе кор мекунанд. С. 1985 истеҳсоли энергияи электрӣ 10. 2 млрд кВт с-ро ташкил дод. Саноати металлургияи ранга маъданҳои полиметаллӣ, симоб, сурма истихроҷ мекунад ва мегудозад. Саноати мошинсозӣ маснуоти электротехникӣ, автомобил ва асбобу мотивҳои х. к. истеҳсол мекунад. Саноати масолеҳи бинокорӣ цемент, шифер, панбеҳои деворӣ ва ғ. мебарорад. Саноати сабук соҳаҳои бофандагӣ, дузандагӣ. чарму пойафзолро дар бар мегирад. Корхонаҳои саноати хурокворӣ гушт, шир, орд, қанд ва ғ. истеҳсол мекунанд.

Маҳсулоти умумии х. қ. с. 1981 нисбат ба с. 1940-ум 3,7 маротиба афзуд. 1 янв. 1986 дар Қ. 178 колхоз, 290 совхоз, 2 хоҷагии таҷрибавӣ ва 48 муассясаю ташкилоти байнихоҷагӣ буд. Заминҳои х. қ. 10,1 млн га (аз ҷумла заминҳои кишт 1,3 млн га), чарогоҳ 8,5 млн га. С. 1981 заминҳои обёрӣ ба 964 ҳаз. га расид. Соҳаи асосии х..қ. чорводорист (парвариши гусфандҳо барои пашму гушт). Парвариши чорвои калони шохдор низ равнақ дорад. Саршумори чорво (1984, ба ҳисоби ҳаз. cap): чорвои калони шохдор (гов, гажгов)—1051,2; гусфанд ва буз — 10460,4. Кирмакдорӣ ҳам ҳаст. Деҳқонӣ қариб 46% маҳсулоти умумии х. қ.-ро ташкил медиҳад. Пахта (36,98 ҳаз., т, 1984), лаблабуи қанд (12,7

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …