Маълумоти охирин

ҚИНҒОЛАБОЗӢ

tuy

ҚИНҒОЛАБОЗӢ, қинғолбозӣ, нисбатбозӣ, дасудабозӣ, як навъ мулоқоти байни арусшавандаю домодшавандаро гуянд, ки баъди туи фотида оғоз ёфта, то туи арусӣ давом мекард. Қ. дар замони модаршоӣ пайдо шудааст. Минбаъд Қ. ҳамчун анъана дар байни баъзе халқҳо мушоҳида мешуд. Шариат вохурии арусшавандаю домодшавандаро то туи арусӣ манъ мекард. Бинобар ин модарарус то туи арусӣ ба мақсади унс гирифтани ҷавонон барои вохурии маҳрамона шароит муҳайё менамуд. Ин одатро дар р-нҳои ҷанубии республика қинғолабозӣ, дар болооби Зарафшон, Исфара, ва ноҳияи Сухи вил. Фарғона нисбатбозӣ, дар Ашт дасудабозӣ ё дастудабозӣ, дар Фориш бахшидабозӣ меномиданд.

Дар Қаротегину Дарвоз дар гузашта аз сабаби нодории баъзе окладе туй ба ду қисм — туи хурд (қалинтуй) ва туи калон (маросими ба хонаи домод бурдани арус) ҷудо мешуд. Дар маросими қалинтуй домод як қисми қалинро ба падару модари арусшаванда медод ва ҷавононро никоҳ мекарданд. Баъди туи хурд, ки он дар хонаи арус барпо мегардид, домод 7—8 рӯз бо арус мемонд. Сипас то туи асосӣ ҳафтае як-ду маротиба пинҳонӣ ба хонаи арӯс меомад. Баъзан ҷавонони хурдсолро номзад менамуданд ва то ба балоғат расидани онҳо Қ. давом мекард. Дар Конибодом арӯс баъди ақди никоҳ як чанд руз дар хонаи падараш мемонд. Домод дар ин муддат то маросими арусфуророн ё келинфуророн ба хонаи арус рафтуо мекард, ки онро расидабозӣ мегуфтанд. Чунин одат дар баъзе ноҳияҳои водии Ҳисор ва Фориш ҳам ҷой доштанд. Мувофиқи маълумоти этнографӣ Қ. ҳоло дар баъзе деҳаҳои дурдасти Қаротегину Дарвоз ва водии Зарафшон ҳамчун анъана боқӣ мондааст.

Ф. Зеҳниева.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …