Маълумоти охирин

ҚИМИЗ

ҚИМИЗ, як навъ нушокиеро гуянд, ки аз шири байтал (баъзан аз шири гову шутур) тайёр мекунанд. Қ. дар байни халқҳои бодиянишин аз қадимулайём маъмул аст. Шири хоми байтал (ё шири пастеризация-кардан гов ва шутур)-ро дар ҳарор. 26—28°С бо бактерияҳои туршонанда ва ширмоя метуршонанд ва шири то 60*С туршонидаро дар зарфи чубин то 60 дақ. меомезанд. Баъд онро ба шишаҳои гарданборик рехта, даҳони шишаҳоро маҳкам мекунанд, барои ҳосил шудани гази табиӣ дар ҳарор. 20—22°С 30—40 дақ. нигоҳ медоранд ва сипас дар ҳарор. 4—6С 12—14 соат хунук мекунанд. Қ.-и тайёр нушокии фишшосзанандаи кафкдорест, ки таъм ва бӯи спирт дорад. Қ.-ро организм нағз ҳазм мекунад, вай ҳазми сафедаву равғанҳои хурокро метезонад ва мубодилаи моддаҳоро беҳтар менамояд.

kumys

Қ. хусусияти ҳавоӣ дорад, онро барои табобати сил, шуста тоза кардани захмҳои носур, табобати гурда ва роҳҳои пешоб истифода мебаранд.

Дар Тоҷикистон усули бо Қ. муолиҷа намудан дар беморхонаҳои № 1 ва № 3-и республикавии бемориҳои сил, шифохонаи республикавии бачагонаи Тангай ва шифохонаи Шаҳристон ҷорӣ шудааст.

Ад.: Куанецов Ц. И., Гавоилов П. Ф., Кумыс — ценное лечебно-профиа литическое средство. Тамбов. 1961; Кумыс, Алма-Ата, 1968; Мироненко М. С., Кумыо — богатырский напиток, М.( 1969.

И. Сулаймонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …