Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Шаҳри таърихии ХУҶАНД

Шаҳри таърихии ХУҶАНД

ХУҶАНД, шаҳр ва вилояти таърихию маданиест дар водии Фарғона. Дар ибтидо ҳамчун бошишгоҳи бумӣ ба вуҷуд омада, минбаъд ба маҳалли калони аҳолинишин табдил ёфтааст. Дар асрҳои 6—5 то м. дар қасаба иншооти мудофиавӣ — садди хокӣ буньёд гардид. Дар бораи Хуҷанди асрҳои 4 —3 то м. муаррихони юнонию румӣ (Арриан, Квинт Курций Руф, Помпей Трог, Юстин, Гай Секунд ва диг.) маълумот додаанд. Бино ба маълумоти онҳо Искандари Мақдунӣ баъди забти Осиёи Миёна с. 329 то м. дар соҳили д. Тананс (д. Сир) истеҳкоме сохта, ба он номи худро гузошт, ки бо номн Искандарияи Ақсо машҳур гардид. Алҳол собит шудааст, ки Искандарияи Ақсо дар воқеъ ҳам дар ҷои ҳамон бошишгоҳи бумӣ ба вуҷуд омада будааст. Асрҳои  6—8 дар натиҷаи вусъати шаҳр Xуҷанд симои худро тамоман тағйир дод: нимаи шарқии шаҳр ба куҳандизи нав (масоҳ. 8 га) табдил ёфт. Девори шарқӣ, як нисфи девораи шимолӣ ва ҷануби шаҳри атиқа ба сифати таҳкурсии девори куҳандизи нав истифода бурда шуд, танҳо девораи ғарби он аз нав бунёд гардид.

hujand

Номи Xуҷанд бори аввал дар маъхазҳои нимаи дуюми а. 7 ёд шудааст.

Хуҷанди  ибтидои асрҳои миёна аз куҳандиз, шаҳристон ва работ иборат буда, иншооти мудофиавӣ дошт. Бино ба маълумоти Ёқути Ҳамавӣ Xуҷанд баробари Бухоро ва Самарқанд ба билоди (вилояти) Ҳайтолиён дохил буд. Солҳои 80 а. 7 Xуҷанд ба аввалин ҳалаи дастаи арабҳо дучор омад, вале онро муҳофизони шаҳр зада гардонданд. Танҳо дар ибт. а. 8 сарлашкари араб Қутайба ибни Муслим Хуҷандро ишғол карда тавонист. Хуҷандиён дар ҳаракати суғдиён бар зидди хилофат (721—722) фаъолона иштирок карданд. Баъди пахши шӯриш 3—7 ҳазор нафар сокинони Xуҷаню аз тарафи арабҳо ба қатл расонда шуданд.

Бино ба маълумоти маъхазҳои ҷуғрофӣ Xуҷанд дар асрҳои 9—10 дар соҳили чапи д. Сир ягона шадҳ и бузурге буд дорои куҳандиз, шаҳристон ва работ. Қасри ҳоким дар работ, маҳбас дар куҳандиз, масҷиди ҷомеъ дар шаҳристон воқеъ буда, вусъати шаҳр то 6—8 км мерасид. Xуҷанд сераҳолию сериморат буд, токзор ва боғҳои зиёд (дар атрофаш) дошт. Ибни Ҳавқал ва Муқаддасӣ зебоӣ ва ободонии Хуҷандро басо таърифу тавсиф кардаанд. Шаҳри Xуҷанд  дар асрҳои 8—9 ба маркази вил. Хуҷанд табдил ёфт. Вилоят дар Чоч ҳамҳудуд буд. Вилоят чандон калон набуд. Ба ҳайати он ба ғайр аз ш. Хуҷанд ш. Канд ва шаҳрчаи Сомғгор низ дохил мешуданд. Ш. Канд бори аввал ибт. а. 8 дар Ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ ёдовар шудааст. Минбаъд он Канди бодом ном шрифт.

Дар ҳайати вил. Xуҷанд деҳаҳои калону хурд бисёр буданд. Xуҷанд дар сари калонтарин роҳҳои тиҷоратии байни вилоятҳои Осиёи Миёна воқеъ гардида буд ва роҳҳои асосии тиҷоратии Шарқи Наздику Миёна ва Осиёи Шарқию Хитойро ба ҳам мепайваст. Захираҳои калони маъдан ва х. қ-и мутараққие дошт. Ва ин ҳама ба равнақи ҳунармандию тиҷорат ва пешравии иқтисодию сиёсии кишвар мусоидат мекарданд. Вил. Xуҷанд дар асрҳои 8—10 ҳарчанд аввал ба ҳайати Хилофати араб ва давлати Тоҳириён, сипас давлати Сомониёи дохил бошад ҳам воҳиди маъмурӣ ва ҳокимнишин буд. Xуҷанд дар асрҳои минбаъда боз ҳам тараққӣ карда, ба яке аз калонтарин ва зеботарин шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Шарқ табдил ёфт ва Тирози ҷаҳон ном гирифт. Ҳудуди шаҳр аз ҳисоби ба шаҳристон дамрод карда шудани мавзеъҳои Панҷшанбе, Чоршанбе, маҳаллаҳои атрофи Ҳазрати Бобо, Тубахон, Кулолгарон, Пули Баланд, Таги Савр ва ғ. хеле васеъ гардид. Аммо куҳандиз ва арк дар ҷои пештараашон боқӣ монданд.

С. 1220 Xуҷанд дучори ҳуҷуми ӯрдуи муғул шуд. Аҳолии Xуҷанд бо сарварии Темурмалик бар зидди истилогарони аҷнабӣ қаҳрамонона мубориза бурд. Муғулдо шаҳрро истило карда, ба хароба табдил доданд. Xуҷанд танҳо дар ох. а. 13 аз нав рӯ ба тараққӣ ниҳод.

Дар ибтидои а. 14 дар Xуҷанд бинокорӣ авҷ гирифт. Дар қисми ғарби шаҳр мақбараи Тубахон, дар шим. шарқи он мақбараи Ҳазрати Бобо бино ёфтаанд. Ва дар ин ҷо минбаъд силсилаи меъморие ба вуҷуд омад, ки он ғайр аз мақбара (мазор) инчунин масҷидҳои наву куҳна ва диг. биноҳоро дар бар мегирифт. Дар асрҳои 13—15 дар Панҷшанбе ансамбли калони меъмории Шайх Муслиҳуддин ба вуҷуд омад.

Дар ибт. а. 18 дар аҳди беки- Xуҷанд— Оқбӯта як қатор иншооти калони мудофиавӣ (ду қатор девори нави ғафсу баланди бурҷдори шаҳр, хандақ, дашт дарвоза) сохта, куҳнадиз тармим карда шуд.

Дар асрҳои миёна шаҳр ва деҳаҳои вил. Xуҷанд хеле тараққӣ карданд. Шаҳри Конибодом ба яке аз марказҳои калони ҳунармандӣ, х. қ. ва тиҷорат табдил ёфт. Шаҳрчаи Сомғор низ, ки дар сари роҳи Хуҷанду Фарғона воқеъ гардида буд, мавқеи калон дошт. Дар ин давра аҳамияти деҳаи калони Қистакӯз афзуд. Дар асрҳои 17—18 баъди ба вуҷуд омадани хонии Хуқанду аморати Бухоро дар вил. Xуҷанд қалъаҳои Маҳрам, Қарақчиқум, Ғӯлакандоз, Хитойреза, инчунин дндбонгоҳҳо (мас., бурҷи Деҳмой дар кӯҳп Рухак ва ғ.) сохта шуданд, ки онҳо аҳолиро аз шабохуни душманон муҳофизат мекарданд. Асрҳои 10—13 дар Xуҷанд як зумра намояндагони илму маданият, ба монанди Абумаҳмуди Хуҷандӣ, намояндагони оли Хуҷанд, олими тиб Шайхурраиси Хуҷандҷ (шореҳи «Ал-Қонун»-и Ибни Сино), табиб Фахруддин Муҳаммад ибни Абдуллатифи Хуҷандӣ, шоирон Хоҷа Зиёуддин ибни Хоҷа Ҷамолуддин Масъуди Хуҷандӣ, Меҳситии Хуҷандӣ ба камол расидаанд. Асрҳои 14—15 дар таърихи Xуҷаню олим ва адиби арабизабон Ҷалолуддин Абӯтоҳир Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аҳрози Хуҷандӣ, муаллифи асари «Бӯстон-ул-атторин» Тоҷии Хуҷандӣ, олими тиб Муҳаммади Хуҷандӣ, шоирон Камоли Хуҷандӣ ва Собири Хуҷандӣ саҳифаҳои дурахшон кушодаанд.

Дар асрҳои 18—19 бисёр намояндагони маданият, шоирон Шӯхии Хуҷандӣ, Лисони Хуҷандӣ, Нозили Хуҷандӣ (4790—1876) ва Муҳаммад  Аминхоҷаи Кошиф дар Хуҷанд ба , воя расидаанд. Xуҷанд хусусан дар асрҳои 18—19 вусъат ёфта, ба яке аз шаҳрҳои калонтарини Осиёи Миёна мубаддал шуд. Масоҳати он тақр. 719 га буда, қариб 200 кӯчаву тангкӯча дошт. Тақр. 150 маҳалла, ки дар онҳо аксаран ҳунармандон мезистанд, дар ду даҳаи шаҳр Қалъаи Нав ва Раззоқ воқеъ гардида буданд.

Ба Россия ҳамроҳ карда шудани Xуҷанд (1866) дар тараққиёти минбаъдаи он аҳамияти калон дошт. Коргарони фабрикаю заводҳои Xуҷанд ва зиёиёни маҳаллӣ бо сардории Тошхоҷа Асирӣ, Содирхони Ҳофиз, Ҳоҷӣ Юсуф, Файёз, Фахрии Рӯмонӣ, Яъқуби Фаранг (1850—1924) ва диг. аввалин тарғиботчиёни маданияти пешқадами рус дар Xуҷанд буданд.

Дар иқтисодиёти Xуҷанд тағйиротҳои куллӣ ба амал омад. Фабрикаю заводҳои нав, банкҳо ва диг. муассисаҳои капиталистӣ бино ёфтанд. Роҳи оҳан то ш. Xуҷанд омад ва онро бо Россия пайваст. Xуҷанд ба маркази таҳвил ва кашондани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ,  хусусан пахта, табдил ёфт. Симои шаҳр ҳам тағйир ёфт; дар тарафи шарқи куҳандоз маҳаллаи русинишин пайдо шуд.

Хусусан, аҳолии шаҳри Xуҷанд босуръат афзуд. Агар аз рӯи баҳисобгирии ; солҳои 70 а. 19 дар ин ҷо 18 ҳаз. кас мезиста бошад, пас мувофиқи бақайдгирии с. 1897 шумораи он аз 30,1 с. 1916 ба 42 ҳаз. кас расид, ки 96% (40,1 ҳаз. наф.)-и онҳо тоҷикон буданд.

Меҳнаткашони Xуҷанд дар ибт. а. 20 ба ҳаракати революционии пролетарӣ ҳамроҳ шуданд. Дар ин ҷо аввалин гурӯҳҳо ва ташкилотҳои ибтидоии болшевикӣ таъсис ёфтанд, ки онҳо дар паҳн намудани ғояҳои марксистӣ-ленинӣ саҳми калон гузоштанд.

Меҳнаткашони шаҳри Xуҷанд с. 1916 дар Осиёи Миёна аввалин шуда зидди сиёсати мустамликадории ҳукумати подшоҳӣ шӯриш бардоштанд. Xуҷанд ба маркази ҳаракати революционӣ дар Тоҷикистон мубаддал шуд. Баъди ғалабаи Революцияи Кабири Социалистии Октябр дар таърихи Xуҷанд давраи наве оғоз ёфт. 9 янв. 1936 шаҳр ва вилоят Ленинобод ном гирифтанд.

Ад.: Айнӣ С., Тирози ҷаҳон, Кулл., ҷ. 5, Д., 1963; Исследования по истории и культуре Ленинабада, Д., 1986; Ахбороти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон., серияи шарқшиносӣ, таърих, филология, 1986, № 2 (2); Абдуллазаде Х. Ф., Негмато в Н. Н.. Абу Махмуд Худжанди, Д., 1986.

Н. Неъматов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …