Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАЗВИНӢ Наҷмуддин Алӣ

ҚАЗВИНӢ Наҷмуддин Алӣ

ҚАЗВИНӢ Наҷмуддин Алӣ ибни Умари Котиби Қазвинӣ (с. тав. номаълум, Қазвин — ваф. 1277), файласуф ва ҳайатшиноси форс-тоҷик. Яке аз шогирдони Насируддини Тусӣ Қ. дар расадхонаи Мароға мушоҳидаҳо гузаронидааст. Дар мактаби илмии Мароға ҳамчун олими маъруф аз илми мантиқ дарс гуфтааст. Яке аз устодони Қутбуддини Шерозӣ буд. Асари машҳури Қ. «Ҳикмат-ул-айн» борҳо аз тарафи олимони Шарқи Миёна ва Наздик шарҳ дода шуд. Ин асар аз 5 китоб иборат аст: «Фӣ аҳком-ил-аҷсом», «Фӣ ҳаракат-ил-аҷсом», «Фӣ аҳком-ил-афлок», «Фӣ аҳком-ил-аносир», Фӣ-н-нафс». Аз осори «Ҷомеъ-ул-ҳакоик ли кашф-ил-ҳақоиқ», «Шарҳ-ул-Миҷистӣ», «Рисола Шамсия фӣ-ал-қавоид-ил-мантиқия»-ро метавон номбар кард, ки бисьёр нусхаҳои онҳо дар китобхонаҳои Тошкент, Ленинград, Қоҳира, Лондон, Қазон, Истамбул маҳфузанд. Танҳо дар китобхонаи Ин-ти шарқшиносии АФ РСС Узб. қариб 20 нусхаи «Ҳикмат-ул-айн»-и Қ. мавҷуд аст. Як нусхаи нодири нисбатан қадимаи ин асар дар шуъбаи дастнависҳои китобхонаи республикавии ба номи А. Фирдавсӣ (Душанбе) таҳти рақами 324 маҳфуз aст.

  1. Абдуллозода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …