Главная / Гуногун / ҚАЗВИНӢ Мирзо Муҳаммад

ҚАЗВИНӢ Мирзо Муҳаммад

ҚАЗВИНӢ Мирзо Муҳаммад (4. 4. 1877, Теҳрон — май 1949), адабиётшиноси эронӣ. Фаъолияти илмиаш с. 1904 баъди сафараш ба Англия оғоз ёфт. Дар Лондон Қ. бо шарқшиноси машҳури англис Э. Браун вохурда, бо маслиҳати у ба омузиш ва омода кардани матни интиқодии «Таърихи ҷаҳонкушо»-и Ҷувайнӣ машғул шуд. Баъдан вай барои ба даст овардани дастнависҳои ин асар ва шинос шудан бо маъхазҳои шарқӣ, ки дар китобхонаҳои Франция маҳфуз буданд, ба Париж сафар кард. Қ. якчанд сол дар Германия (Берлин) маскун гардида, дар маҳфили адабие, ки идораи маҷаллаи «Нова» таъсис карда буд, фаъолона ширкат меварзид. Қ. адабиётшинос ва матншиноси ҷиддӣ ва пухтакор буд. Дар давоми чандин соли фаъолияти илмию адабии у бисьёр рисолаву мақолаҳо, ба млели «Рисола дар бораи лавоеҳи Ҷомӣ» (ба франсавӣ), «Рисола дар шарҳи ҳоли Масъуд ибни Саъд ибни Салмон», «Рисола дар шарҳи ҳоли Абдулфатҳи Розӣ», «Рисола дар аҳволи Абусулаймони Мантиқӣ», «Вафоти устод Эдвард Брауни апглией» ва ғ. таълиф ва нашр намудааст. Мақолаҳо ва шарҳу тафсирҳои Қ. дар маҷм-ҳои «Ёддоштҳои Қазвинӣ» (7 ҷилд, Теҳрон, 1954—64) ва «Бист мақолаи Қазвинӣ» (2 ҷилд, Теҳрон, 1954) гирдоварӣ шудаанд.

Қ. матни «Таърихи ҷаҳонкушо», «Девони Ҳофизи Шерозӣ» (ҳамроҳи Қосими Ғанӣ), «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзӣ», «АлМуъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ, «Марабоннома»-и Саъдуддини Варовинӣ, «Лубоб-ул-ал-боб»-и Авфӣ ва ғ.-ро бо муқаддамоту ҳошияҳо, тасҳеҳоту тафсироти судманде ба чоп омода кардааст.

Ф. Наҷмонов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.