Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ҚАЗВИН

Шаҳри ҚАЗВИН

ҚАЗВИН, шаҳрест дар шим. ғарби Эрон, дар остони Теҳрон. Аҳолиаш 139 ҳаз. наф. (1976). Ст- р. о., узели роҳҳои автомобилгард. Маркази тиҷорати маҳсулоти х. қ- (ғалла, ангур, писта). Корхонаҳои орду равған, бофандагӣ ва ғ. мавҷуданд. Маркази калони қолинбофист.

Қ. аз давраи Сосониён маълум аст. Дар асрҳои миёна аз Қ. роҳи тиҷоратии Эрону Закавказия мегузашт. Дар а. 16 шаҳр ба авҷи аълои тараққиёт расид; с-ҳои 1548—1597/ 98 пойтахти давлати Сафавиён буд. Ёдгориҳои меъмориаш: масҷиди Ҳайдария меъ (а-ҳои 12—17), масҷиди Ҳайдария (авв. а. 12) ва ғ.

kazvin-city

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …