Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ҚАЗОВУ ҚАДАР

ҚАЗОВУ ҚАДАР

ҚАЗОВУ ҚАДАР (ар.  ҳукм, амр ва — қудрат, тавоноӣ), истилоҳоти динию фалсафии Шарқро гуянд. Дар аҳди аввали ислом истилоҳи Қ. қ- ба маънои сиришту сарнавишт истифода гашта, «қазо» маъмулан муродифи амри абадию азалӣ, куллӣ ва сифати зотии худо, «қадар» бошад, зуҳури ирода, амр ё Ҳукми махсуси уро ифода мекард. Мас., Абулҳасани Ашъарӣ қазоро иродаи кулли аллоҳ, алоқаи он бо ашьё, қадарро пайдоиши ашьё бо иродаи холиқ мепиндорад. Ибни Сино дар «Ишорот ва танбеҳот» оид ба Қ. қ. чунин гуфтааст: «Ва маънии «қадар» ин аст, ки тафсили он қазои аввал аст, расидани воҷиб, ки ҳар чӣ воҷиб нашавад, дар вуҷуд наояд…» (Абуалӣ ибни Сино, Осори мун., ҷ.1 Д. 1980, с. 241). Дар таълимоти Ихвонуссафо қазо хиради ҷовидест, ки мувофиқи ҳаракати ситораҳо барои дар руҳ муқаддар шудааст.

destiny

Дар давраи футуҳоти ислом масъалаи Қ- қ. барои тарғиби ғазавот васеъ истифода мешуд. Тавассути он ғозиёнро ба нотарсию бебокӣ ва таваккул тарғибу талқин мекарданд. Аз ҷиҳаип сиёсӣ Қ. қ. рисолат (пайғамбарӣ)-и Муҳаммад ва ҳукмронии халифаҳоро ҳақ мебаровард. Аз ин ру, ҳам хулафои рошидин ва ҳам Умавиён ба он таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Баъди интишори ислом дар мамлакатҳои забтшуда масъалаи Қ. қ. боиси баҳсу мунозира ва ихтилофоти доираҳои гуногун гашт. Саволе ба миён меомад, ки агар рафтору кирдори инсон ба иродааш вобаста набошад, пас чаро вай бояд барои аъмолаш даъвогар шавад? Дар ҳамин замина ихтилоф ва баҳсу мунозираҳои зиёде ба вуҷуд омада, сабаби пайдо шудани ҷараёнҳои динию фалсафии ба ҳам муқобили қадария ва ҷабария гардид.

Ад.: Одилов Н., Ислом дар оинаи ақл.,Д., 1971; иетрушевский

И. П., Ислам в Иране в VII—XV веках, Л., 1966.

С. Маҳмадуллоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …