Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ҚАЗОН

Шаҳри ҚАЗОН

ҚАЗОН, шаҳр, пойтахти РАСС Тот., бандар дар соҳили чаппи д. Волга, дар наздикии резишгоҳи д. Қазон. Станцияи р. о. Аҳолиаш 1057 ҳаз. наф. (1986). Дар Қ. корхонаҳои саноати химия (з-дҳои каучуки синтезӣ, истеҳсоли наворҳои киною суратгирӣ, маснуоти химияи рӯзгор), мошинсозӣ (а-дҳои компрессор, «Теплоконтроль», механикӣ, электромеханикӣ ва ғ), саноатн сабук (муина, чарм ва ғ), хурокворӣ мавҷуданд. Филиали АФ СССР ҳаст. 11 донишкадаи олӣ (аз ҷумла ун-т), 7 театр, 4 музей (аз ҷумла Хона-музеи В. И. Ленин) дорад. Қ. а. 13 буньёд шудааст, с-ҳои 1438—1552 пойтахти хонии Қазон буд. Ёдгориҳои меъмориаш: Кремль (бо ёдгориҳои а-ҳои 16—18), Масҷиди ҷомеи Петропавловск (ҳоло Планетарий, а. 18), масҷиди Марҷонӣ (а. 18), комплекси Ун-ти Қазон (а. 19) ва ғ.

kazon

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …