Маълумоти охирин

ҚАЗӢ

ҚАЗӢ, як навъ таоми, ки аз қадимулайём дар байни халқҳои Шарқ. аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Гушти беустухони аспро ба порчаҳои 40—60 граммӣ дарозруя бурида, бо равғанаш дар зарфҳо мехобонанду ба он мувофиқи табъ намак, мурч, зира андохта, нағза омехта мекунанд ва дар ҷои салқин 12—24 соат нигоҳ медоранд. Рудаҳои Хасиббоби аспро шуста, намак мепошанд, сипас онро якчанд маротиба дар оби хунук ва ширгарм мешуянд. Баъд як нуги рударо бо ришта мебанданд. Аз нуги дигараш нима ва равғанро банавбат андохта пур мекунанду нуги рударо мебанданд. Дарозии ҳар кадом хасиб бояд 40—50 см бошад. Қ.-ҳои аз қимаю равған пуркарда ва ҳарду нугаш бастаро барои хушкондан дар ҷои салқин камаш ду ҳафта овехта мемонанд.

kazi

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …