Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ҚАЙРОҚУМ

Шаҳри ҚАЙРОҚУМ

ҚАЙРОҚУМ, шаҳрест (то 1963 посёлка) дар вил. Ленинобод. Дар соҳили ғарбии обанбори Қайроққум, 15 км шарқтар аз ш. Ленинобод, 8 км дуртар аз ст. р. о. Ленинобод воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 12,7 ҳаз. 814 наф. (1976). Корхонаҳои саноатиаш: Иттиҳодияи истеҳсолии қолинбофии ба номи В. И. Ленин, Комб-и маҳсулоти ғалладонаи ба номи М. И. Калинин, Комб-и корхонаҳои истеҳсолӣ, устохонаҳои таъмири механикӣ, з-ди чубу тахта, саноати моҳӣ, комб-и хизмати маишӣ ва ГЭС-и «Дустии халқҳо».

kayrakum-city

Дар шаҳр филиали Техиикуми шабонаи технологии ш. Ленинобод, омузишгоҳи касбҳои техникии деҳот, 3 мактаби миёна, мактаби мусиқӣ, мактаби рассомӣ, ду мактаби спортии бачагон, хонаи пионерон, стадион, 3 клуб, китобхона, 2 кинотеатр, қасри маданияти «Қолинбофон» ҳаст. Дар соҳили обанбори Қайроққум Хонаи истироҳати «Қайроққум», базаи туристии «Баҳри тоҷик», 3 лагери пионерӣ ва истироҳатгоҳи 6 корхонаи шаҳр воқеъ гаштаанд. Қ-дар с. 1951 баробари оғози сохтмони ГЭС-и «Дустии халқҳо» буньёд ёфтааст. Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ маълум шуд, ки дар терр. Қ. ҳануз дар ибт. асри оҳан (а-ҳои 7— 5 то м.) одамон маскун шуда, бо деҳқонӣ, чорводорӣ, шикори моҳӣ ва филизгудозӣ машғул будаанд (ниг. низ Маданияти Қайроққум)-

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …