Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Санги ҚАЙРОҚ

Санги ҚАЙРОҚ

ҚАЙРОҚ, 1) сангест барои тез кардани теғ; 2) санг (лавҳ)-ест, ки дар рӯи он катибаи гурро нависанд. Қ.-ҳое, ки аз Осиёи Миёна ҷамъ оварда шудаанд, бештар байзашакл ва гуногунҳаҷм буда, дарозии баъзеашон то 1 м аст. Қ.-ҳо барои сабти катиба дар намуди аслиашон истифода мешуданд. Қ.-ҳои руи қабр дар тамоми Осиёи Миёна, вале бештар дар водии дарьёҳо (хусусан дар болообу миёнаоби д. Зарафшон) вомехуранд. Пеш калонтарин маркази тайёр кардани Қ.-ҳои гур Самарқанд буд.

sangi-kabr

Ад.: Мухторов А. М. Эпиграфические памятники Кухистана XI—XIX вв., ки. 1—2, Д., 1978—79.

Л. Додхудоева.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …