Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАВОМИИ МУТАРРИЗӢ Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Абубакр

ҚАВОМИИ МУТАРРИЗӢ Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Абубакр

ҚАВОМИИ МУТАРРИЗӢ Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Абубакр (с. тав. номаълум — ваф. тақр. 1126), шоири форс-тоҷик. Давлатшоҳи Самарқандӣ («Тазкират-уш-шуа-ро») Қ. М.-ро бародари Низомии Ганҷавӣ гуфтааст, вале ин хатост, чунки Низомӣ баъди вафоти Қ.М. ба дуньё омадааст. Аз мероси адабии Қ. М. як нусхаи дастнависи девоеи ғазалиёту қасоид боқӣ мондааст, ки дар китобхонаи Музеи Британия маҳфуз аст. Қ. М. дар таърихи адабиёти форс-тоҷик аз ҷумлаи аввалин шоироне мебошад, ки қасидаи маснуъ ба ном и «Бадоеъ-ул-асҳор фӣ саноеъ-ил-ашъор» сурудааст. Қасида 100 байт аст ва дар он 86 навъи санъати шеърӣ истифода шудааст. Матлаъаш ин аст;

Эй фалакро давои қадри ту бор

В-эй малакро саноӣ садри ту кор.

Шоирони асрҳои баъдина ба у пайравӣ кардаанд.

Ад.: Акимушкин О. Ф., К вопросу о традиции жанра искусственной касыды в персидской поэзии, дар мадм. «Иран», М., 1971.

У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …