Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАТТОНИ МАРВАЗӢ

ҚАТТОНИ МАРВАЗӢ

ҚАТТОНИ МАРВАЗӢ Айнуззамон Имом Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ (1072—1153), адиб ва табиби форс-тоҷик. Дар Марв зиндагӣ ва эҷод кардааст. Вай дар арӯз, тиб, нуҷум ва ғ. чанд рисола навиштааст. Вазнҳои 24-гонаи рубоӣ дар ду шаҷари — ахрабу аҳрам аз ҷумлаи ихрооти уст. Аксари адабиётшиносони форс-тоҷик, аз Шамси Қайсӣ Розӣ то имруз, айнан  бо баъзе истисно ихтирооти уро истифода бурдаанд. Яке аз китобҳои маъруфу машҳури Қ- М. — «Кайдонхудои (таълифаш байни с-ҳои 1104—06) бо забони соддаи форсӣ барои толибони илми нуҷум таълиф ёфтааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …