Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАТРОН Шарафуазамони Табрезӣ

ҚАТРОН Шарафуазамони Табрезӣ

ҚATPOH Шарафуазамони Табрезӣ (тақр. 1013, Шодиободи Табрез —1083), шоири озарӣ насли форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш таҳсил карда, пас аз касби камол ба шеърнависӣ cap кардааст. Муддате дар хидмати ҳукмрони Ганҷа буд. Қ. бо Носири Хисрав, ки 28 авг. 1046 ба Табрез расид, мулоқот кардааст. Бино ба маълумоти Носири Хисрав Қ. «шеъре нек мегуфт, аммо забони форсӣ неку намедонист», пеши вай омада, девони Мунҷиқу Дақиқиро мехондааст ва «дар маънӣ уро мушкил бувад» аз у пурсида, шарҳашро менавиштааст. У пайваста девонҳои шоиронро азбар намуда, тамоми луғат ва шарҳи маъниҳоро бо пурсуҷу омухта, барои худ луғатномае бо унвони «Тафосир фи-л-луғот-ил-фурс» тартиб додааст. Дар натиҷаи чунин омӯзиш услуби зимнию дохилии шеъраш бо услуби мактаби шеъру шоирии Рудакӣ ва муосирони у хеле наздик ва ҳатто монанд гардидааст. Ба ин сабаб пас аз ноёб шудани девони Рудакӣ ашъори Қ.-ро ба у нисбат додаанд ва с. 1897 дар Теҳрон ба унвони «Девони Рудакӣ» китобе чоп шуд, ки асосан аз ашъори Қ иборат аст. Ҳоло дар илми адабиётшиносӣ ин масъала то андоазе равшан гардида, мероси Қ. ба номаш муқаррар шудааст. Девони ашъори Қ. аз қасоиду таркиббанд, қитъаву ғазал ва рубоӣ иборат аст. Аксари қасоиди у равону содда суруда шуда, шоир ба мавзуъҳои ахлоқию иҷтимоӣ диққат додааст. Дар баъзе қасоиду қитаоташ ба такаллуф ва санъатҳои лафаӣ эътибор додааст.

А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …