Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Қаторкӯҳи ШУҒНОН

Қаторкӯҳи ШУҒНОН

ШУҒНОН, қаторкуҳест дар қисми ҷан. ғарбии Помир, дар ҳудуди р-н и Шуғнони ВАБК. Дар байни водии д-ҳои Ғунд ва Шаҳдара воқеъ гашта, аз ғарб ба шарқ (аз андароби д-ҳои Ғунд ва Шаҳдара то болооби д. Тукдузбулод) ба масофаи бештар аз 80 км тул кашидааст. Бараш то 50 км. Баландии қаторкуҳ ба ҳисоби миёна 4000—5000 м, нуқтаи аз ҳама баландаш — д. Шахӣ (5704 м). Асосан аз гранит ва ҷинсҳои метаморфии синни токембрий — гнейс, варақсангҳои кристаллӣ, мармар таркиб ёфтааст. Рельефаш мураккаби душворгузар; нишебиҳояш дараҳои тангу чуҷури бисьёре доранд. Теға ва нишебиҳои баланди қаторкуҳ бо барфу пиряхҳо (масоҳ. умумии пиряхҳо 150 км2) пушида шудаапд. Бисьёр шохобҳои чапи д. Ғунд ва рости д. Шаҳдара (Вархидз, Дузах, Друмдара, Немос ва ғ.) оби худро аз ин пиряҳо мегиранд. Набототи Ш. биёбонӣ ва нимбиёбонист. Дар нишебиҳо (то баландиҳои 3700—4000 м) асосан шибоғ, шура, хори болиштак ва дар доманакуху нишебиҳои паст чо-ҷо дарахту буттаҳои арча, мушол меруянд. Дар нишебии шим. ғарбӣ қаторкуҳ Боғи  ботаникии Помир воқеъ гаштааст.

У. Олимов.

shughnon
Шуғнон

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …