Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Қаторкӯҳи Олой

Қаторкӯҳи Олой

Олой, қаторкӯҳест дар системаи кӯҳии Ҳисору Олои Республикаи Советии Сотсиалистии Қирғизистон  ва қисман Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Баландиаш то 5539 метр. Тӯлаш қариб 400 километр. Водии Фарғонаро аа тарафи Ҷануб иҳота намудааст. Асосан аз регсангу гил ва варақсангҳои кристаллӣ таркиб ёф­тааст.

Нишебии шимолиаш якчанд водиҳои кӯндаланг дорад, нишебии ҷанубиаш ба водии Олой рост фаромадааст. Теғаҳояш бо барфу пиряхҳо пӯшида шудаанд. Масоҳати умумии минтақаи яхпӯши он 568 километр2. Дар доманакӯҳҳо растаниҳои нимбиёбонӣ марӯянд.  Нишебиҳоро даштҳои хушки ковилу типчоқзор, марғзорҳои даштӣ, арчазорҳо (баландиҳои 2000—3200 метр) ва аз он болоро марғзорҳои алпӣ фаро гирифтаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …