Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Қаторкӯҳи Нарим

Қаторкӯҳи Нарим

Нарим (қаторкӯҳи Нарим), қаторкӯҳест дар Олтои Ҷанубӣ, дар вилояти Қазоқистони Шарқии РСС Қазоқистон. Баландиаш то 2533 метр. Тӯлаш 120 км. Аз регсанг, конгломерат, варақсанг ва туфсангҳои палеозой, инчунин интрузияҳои гранитӣ таркиб ёфтааст. Нишебии рости шимолиашро то баландии 1300 метр бешаҳои тӯс, аз он болотарашро бешаҳои шарбин ва водиҳоро бешаҳои коҷу абҳул ва ладен фаро гирифтаанд. Нишебии  ҷанубиашро даштҳои типчаку ковилзор, буттазор, марғзори даштӣ ва аз 1800 метр баландтарашро бешаҳои тунуки субалтсию марғазори алпӣ пушидаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …