Маълумоти охирин

ҚАТЛӢ

ҚАТЛӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 17). Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Мувофиқи маълумоти «Музокир-ул-асҳоб» Қ. дар шеър хеле мумтоз буда, аз ҷавонӣ дар радифи шоирони маъруфи қасидасаро қарор гирифта будааст. Шеърҳояш матонату фатонати

хосаеро доро будаанд. Намунаҳои осораш дар тазкираҳо (мас. «Музокир-ул-асҳоб» ) омадаанд.

С. Саъдиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …