Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАТИЛӢ Мавлоно Қатилии Бухороӣ

ҚАТИЛӢ Мавлоно Қатилии Бухороӣ

ҚАТИЛӢ  Мавлоно Қатилии Бухороӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 16). Дар зодгоҳаш маълумот гирифта, илмҳои нуҷум, ҳайат ва мусиқиро хуб омухтааст. Девонаш то ҳол ба даст наомадааст. Аз у достони «Вомиқу Узро» (зиёда аз 5 ҳаз. байт) боқист, ки дар китобхонаи Музеи Британия таҳти рақами OR 9037 маҳфуз аст. Қ. дар ин асар зимни ҳикояти ишқу муҳаббати Вомиқу Узро кушишу мубориза, сабру тоқат, дустию ҳамдастӣ, илму дониш, ахлоқи некро сутурда, ноҷавонмардӣ, маккорӣ, бемурувватӣ,золимӣ ва диг. хислатҳои манфурро мазаммат кардааст.

А. Раҳмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …