Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАССОРИ УММӢ

ҚАССОРИ УММӢ

ҚАССОРИ УММӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо бо номи Писари Уммӣ зикр гардидааст. Аз ишороти муаллифони тазкираҳо бармеояд, ки вай ашъори некӯ ва ороста бо санъатҳои бадеӣ доштааст. Дар «Тарҷумон-ул-балоғат»и Родуёнӣ абёти зер ба ӯ нисбат дода мешавад:

Эй шукуфта гулбуне пайваста бо хуршед сар,

Турфа беху, туфа шоху турфа баргу турфа бар.

Беху шоху баргу бар-т аз симу моҳу мушку уд,

Моҳ гирду сим хому мушк нобуд, уд тар.

Ҳ. Шарифов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …