Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАССОБИ КОШОНӢ Сайидо

ҚАССОБИ КОШОНӢ Сайидо

ҚАССОБИ КОШОНӢ Сайидо (с. тав. номаълум, Кошон— ваф. 1751, Машҳад), шоири эронӣ. Қ- К. аввалҳо ба василаи қассобӣ рӯз мегузарондааст. Тахаллуси шоириаш низ аз ҳамин ҷост. Бино ба маълумоти Малеҳои Самарқандӣ, ки с. 1670 бо Шоир вохурдааст, баъдтар у ба карбосбофӣ машғул будааст. Қ. К. бештар ғазал сурудааст. Дар девонаш, ки ҳануз дар асри адиб саросари Эрону Мовароуннаҳр ва Ҳиндустон шуҳрат ёфта буд, 350 ғазал фароҳам омадааст. Мавзуъҳои ғазалиёти Қ.- К. ишқу муҳаббати самимӣ, тасвири манзараҳои рангини табиат, ситоиши ахлоқи ҳамида ва накуҳиши беадолатиҳои замон ва ғ. мебошанд. Шоир аз ҷабру зулм ва беинсофиҳои ҳукуматдорон шикоятҳои ҷонсуз кардааст. Чунончӣ:

Дар замони мо намеборад саҳоби зиндагӣ,

Хушк гардидаст дар сарчашма оби зиндагӣ.

Аз ҷафои беҳадӯ айёму гардишҳои даҳр

Гашта кутаҳ риштаи умрам зи тоби зиндагӣ.

Қ. К ба ашъори Ҳофиз, Соиб ва диг. мухаммас бастааст.

Ос.: Саду як ғазал, Д., 1965.

А. Раҳмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …