Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАСРИ ЗИМИСТОНӢ

ҚАСРИ ЗИМИСТОНӢ

kasri-z

ҚАСРИ ЗИМИСТОНӢ дар Ленинград, ёдгории меъмории а. 18. Қ. з. то с. 1905 боргоҳи асосии императорони рус буд. Аввалин «Хонаи зимистонӣ» барои Пётри 1 с.,1711 дар соҳили Ҷуй зимистона ва дуюмаш дар ҷои бинои ҳозираи Театри эрмитаж (1716 —19, меъмор Г. И. Маттарнови, с-ҳои 1720 меъмор Д. Трезини таъмир кард) сохта шуд. С. 1732 В. В. Растрелли дар соҳили д. Нева, дар Майдони қаср ба сохтмони Қ. з.-и сеюм (чанд бор аз нав сохта шудааст) оғоз кард. Қ. з.-и чорум, қасри муваққатӣ ва чубинро с. 1755 В. В. Растрелли дар гушаи хиёбони Нева ва соҳили д. Мойка буньёд намуд, ки с. 1762 вайрон карданд. Қ- з.-и панҷум, ки ҳоло вуҷуд дорад, с. 1754 — 62 (меъмор В. В. Растрелли, дар ҷои Қ. з.-и сеюм) бо услуби барокко сохта шуд. Шакли бино чоркунҷа ва ҳавлидор, намояш ру ба Нева, Адмиралтейство ва Майдони қаср. Тоқҳои Қ. з. чандин бор аз нав сохта шудаанд (анфиладҳои канори Нева ва Саломхонаи шоҳ, зали Георгиевй, с-ҳои 1780—90, меъморон К. Кваренги ва И. Е. Старов; Нитористони Ҷанги ватанӣ, 1812, 1826, меъмор К. И. Росси). Баъд аз сухтори 1837 тоқу толорҳои калонро меъмор В. П. Стасов ва утоқҳои дохилиро меъмор А. П. Брюллов барқарор карданд. 9 янв. 1905 дар майдони Қ. з. намоиши коргарони беаслиҳа тирборон карда шуд. Дар давраи Рев. Феврали 1917 Қ. з. аз ҷониби қушунҳое, ки ба тарафи халқ гузашта буданд, ишғол карда шуд. Аз июли 1917 резиденцияи Ҳукумати муваққатии буржуазӣ гардид. Дар арафаи Рев. Каб. Соц. Октябрь шаби 25-26 окт. (7-8 нояб.)   1917 Гвардияи Сурх, сарбозон ва       маллоҳони революционӣ Қ.з.-ро, ки гарнизони  2,7 ҳазорнафараи юнкерҳо муҳофизат мекард, муҳосира намуда қасрро соати 2-ю 10 дақ. шаби 26 окт.  бо ҳуҷуми қатьӣ гирифтанд ва аъзоёни Ҳукумати муваққатиро ҳабс карданд. С. 1918 як        қиси ва с.      1922 тамоми бинои Қ. з.  ба Эрмитажи давлатӣ супорида шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …