ҚАСРИ ВАРЗИШ, калонтарин иншооти меъмории спортӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногун. Дар Қ. с. варзишгарону физкультурачиён машқ мекунанд, аз руи навъҳои гуногуни спорт (волейбол, баскетбол, туби дастӣ, гимнастикаи бадеӣ ва ғ.) қувва меозмоянд. Онро инчунин барои гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятиву оммавӣ истифода мебаранд. Дар Қ. с. концертҳо, ҷамъомадҳо, вохуриҳо ва ғ. низ мегузаронанд.
Қ. с. одатан болопушида буда, барои тамошобинон минбарҳо дорад.
С. 1972 дар ш. Душанбе бо ташаббуси Совети марказии ҷамъияти ихтиёрии спортии иттифоқҳои касабаи «Тоҷикистон» Қ. с. сохта ба истифода дода шуд, ки он калонтарин иншооти болопушидаи спорти республика ба шумор меравад.
Л. Турсунов.