Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАСРИ СЪЕЗДҲОИ КРЕМЛЬ

ҚАСРИ СЪЕЗДҲОИ КРЕМЛЬ

ҚАСРИ СЪЕЗДҲОИ КРЕМЛЬ, калонтарин бинои ҷамъиятист барои гузаронидани муҳимтарин ҷамъомадҳои партиявӣ, давлатӣ, ҷамъиятӣ, байналхалқӣ. С-ҳои 1959—61 дар ҳудуди Кремли Москва буньёд шудааст. Барои ба лоиҳагирӣ ва сохтани Қ. с. К. муаллифони он М. В. Посохин, А. А. Мидоянц, Г. Н. Львов, А. Н. Кондратьев, Е. Н. Стамо, П. П. Штеллер, И. И. Кочетов сазовори Мукофоти ленинӣ (1962) шудаанд.

Дар арафаи Съезди 22-юми КПСС расмаи кушода шуд (17 окт. 1961).

kasri-s-k

Қ. с. К. инчунин ба сифати саҳнаи дуюми Театри Калонн СССР ва намоиши барномаҳои театрӣ истифода мешавад. Шакли бино росткунҷа (120X70 м), андозаи умумиаш 40 ҳазор м3, зиёда аз 15 метри он дар зери замин ҷой гирифтааст. Намои иморат аз бурҷҳои сафеди мармарини байнашон оинабандӣ иборат аст.

Дар пештоқи даромадгоҳи асоси герби зарҳалии СССР (аз руи ангораи ҳакалтароши А. Зеленский) насб шудааст. Зали К.с Қ. 6 ҳазор ҷой (мувофиқи техникаи навтарини акустики чиҳозонида шудааст), 7 ҳаз. репродуктор, 4500 чароу ҷандил дорад. Девор ва сақфаш бо масолеҳи садонишон рукаш шудаанд. Дар ин ҷо матни баромадҳоро ба 30 забон мешунавонанд. Пардаи зали маҷлисгоҳро намояи зарробӣ бо портрети В. И. Ленин (аз руи асари Д. А. Мыльников ҳунармандони латвиягӣ бо роҳбарии X. М. Рысин офаридаанд) оро медиҳад. Дар толор зиёфат 4500 одам ҷой мегирад. Нижвони хотамкории даҳлези асосӣ ва эмблемаҳои хотамкории намоҳои зали зиёфат асарҳои рассом А. А. Дейнека мебошанд. Композицияи мукаммал, усули ҷадид ва андозаи муҳташаму дар айни замон оддӣ бо фазои фарохи андаруни бнно мувофиқ афтода, шукуҳу салобати онро меафзоянд. Дар Қ. с. К. съездҳои КПСС, ВЛКСМ, Иттифоқҳои касабаи СССР, кинофестивалҳои байналхалқӣ ва диг. чорабиниҳои муҳимми байналхалқӣ баргузор мегарданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …