Маълумоти охирин

ҚАСИДА

ҚАСИДА ( аз ар. —азм, мақсад, ният), яке аз маъмултарин шаклҳои шеър дар назми классикии форс-тоҷик, халқҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна. Дар эҷодиёти шоирони пешазисломии араб ва асрҳои нахустини паҳншавии ислом Қ. хеле ривоҷ дошт. Дар адабиёти форс-тоҷик Қ. а-ҳои 9—10 дар эҷодиёти аввалин шоирони форс-тоҷик дучор меояд; намунаҳои беҳтарину ба такомул расидаи он дар эҷодиёти Рӯдакӣ ба назар мерасад. Ду манбаи асосӣ дар ташаккули Қ.-и адабиёти форс-тоҷик — назми пешазисломии форс-тоҷик ва Қ.-ҳои адабиёти араб вуҷуд дорад. Дар адабиёти пешазисломӣ манзумаҳоеро бо номи чакома (чакомак, чагома) пайдо кардан мумкин аст, ки аз ҷиҳати шакл ва мазмун ба Қ.-ҳои шуарои асримиёнагӣ монанданд. Таъсири Қ.-ҳои арабӣ дар шакли Қ.-и адабиёти форс-тоҷик зоҳир шудаанд. Хусусиятҳои шаклии Қ. дар адабиёти форс-тоҷик инҳоянд: миқдори абьёт аз 15 то 120 байт (Қ.-ҳои ҳаҷман зиёдтар— то 200 байт низ мавҷуданд); қофиябандӣ ба тарзи аз, ба, ва, га ва ғ. Нахустин байти Қ.-ро матлаъ ва байти охиринашро мақтаъ меноманд; яке аз шартҳои Қ.-и хуб доштани ҳусни матлаъ ва ҳусни мақтаъ аст. Агар миқдори абьёти Қ. аз мизони оддӣ, яъне аз ҳудуди 30—40 байт гузарад, матлаи нав овардан мумкин аст, ки онро таҷдиди матлаъ меноманд. Пас аз таҷдиди матлаъ шоир метавонад дар мазмуни Қ. низ тағйирот дароварад. Қ.-ҳое низ ҳастанд, ки тамоми мисраъҳои онҳо ҳамқофия мебошанд ва онҳоро Қ.-ҳои тамомматлаъ мегуянд. Намунаи шеъри тамомматлаъ дар адабиёти пешазисломӣ манзумаи «Суруди оташкадаи Паркуй» аст. Аз ҷиҳати сохт Қ. ду навъ мешавад: мукаммал ва муҳтазаб (буридашуда). Қ-и мукаммал аз руи қолаби муайяне суруда шуда, дорои муқаддима — ташбиб ё насиб, мадҳ, фахрия, талаб ва дуост. Қ-и муҳтазаб он аст, ки шоир бе муқаддима, аз нахустин байт ба мақсади аслии хеш пардозад. Дар таърихи адабиёти форс-тоҷик навъҳои гуногуни Қ. ба миён омадааст; аз ҷиҳати мавзуъ, мазмуну мундариҷа ва шакл онҳоро ба якчанд гуруҳ тақсим намудан мумкин аст:

sher

1)    Қ-и мадҳӣ, Қ-е, ки дар маҳду ситоиши шахсе гуфта шудааст. Дар адабиёти асримиёнагии форс-тоҷик Қ-ҳои мадҳӣ бештар ба шоҳону амирон, намояндагони сулолаҳои ҳукмрон, шамшеру тиру камону найза ва диг. васоилу лавозиме, ки хоси мамдуҳ аст, бахшида шудаанд. Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Январи ва диг. аз устодони Қ-и мадҳӣ мебошанд.

 

2)    Қ-и ҳолӣ, шикояти (шиквоия), Қ-е, ки дар он шикояти шоир аз замон, зиндагии номусоид, баёни ночизию беэътибории ҷаҳон, тасвири ягон лаҳзаи ҳаёт, гузаштани умри ҷавонӣ, азобу машаққатҳои зиндон, дурӣ аз зану фарзанд, хешу табор ва ғ. оварда шудааст. Қ-и «Шикоят аз пирӣ»-и Рудакӣ, Қ-ҳои Масъуди Саъди Салмон беҳтарин намунаҳои ин навъи Қ. ба шумор мераванд.

 

3)    Қ-и ҳаҷви (ҳаҷвия), Қ.-е, ки дар мазаммату ҳаҷви кас суруда мешавад. Ин навъи Қ. хусусан дар а-ҳои 11—12 хеле ривоҷ ёфт. Шоирони дарбор кушиш мекарданд, ки мухолифону душманони мамдуҳ ё рақибони худро бо суханҳои тезу тунд таънаю маломат кунанд. Шоири а. 10 Мушики Тирмизиро аз аввалин сарояндагони ин навъи Қ. медонанд. Дар ашъори Сузании Самарқандӣ, Мунзии Нишопурӣ, Анварӣ намунаи Қ.-и ҳаҷвӣ дучор меояд.

 

4)    Қ.-и фалсафӣ (ирфонӣ), Қ-е, ки дар он ақидаҳои фалсафӣ ё ирфонии шоир ифода ёфтааст. Дар адабиёти классикии форс-тоҷик чунин Қ. бори аввал дар эҷодиёти шоири а. 10 Кисоии Марвазӣ дучор мешавад. Аз а-ҳои 11—12 cap карда ин навъи Қ. хеле ривоҷ ёфт. Носири Хисрав, Саъдӣ, Хоқонӣ, Ҷомӣ Қ.-и фалсафӣ эҷод кардаанд.

 

5)    Қ.-и баҳория, Қ-е, ки дар тасвири баҳор ва зебоиҳои он гуфта мешавад (Қ-ҳои шоирони нимаи авв. а. Қ— Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ).

 

в) Қ.-и фахрия, Қ.-е. ки тамоми он ё муқаддимааш аз баёни сифатҳои худи шоир ва ифтихори у аз илму ҳунараш мебошад.

 

7)    Қ-ҳои динӣ-мазҳабӣ. Ниг. Наът, Муноҷот.

 

8)    Қ-и маснуъ, Қ.-е, ки дар байти он бо ягон санъати шеърӣ гуфта шудааст. Сурудани ин навъ Қ., ки тазоҳуроти шаклпарастӣ буд, дар а. 12 ривоҷ ёфтааст. Қивомии Мутарризӣ ихтироъкунандаи ин навъ Қ. ба шумор меравад.

 

9)    Қ.-и ахлоқӣ, Қ.-е, ки тавассути он шоир ақидаҳои панду ахлоқӣ ва тарбиявии худро баён месозад. Дар адабиёти классикии форс-тоҷик аввалин Қ.-и ахлоқиро дар ашъори шоирони а. 10 Рудакию Кисоӣ пайдо мекунем. Аммо қавитарину мустаҳкамтарини ин навъиҚ.-ро Носири Хисрав, Саноӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хусрави Деҳлавӣ ва Ҷомӣ гуфтаанд. Қасидаҳои «Дарьёи аброр»-и Хусрави Деҳлавӣ, «Ҳуҷҷат-ул-ас-рор»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ. «Туҳ-фат-ул-афкор»-и Навоӣ, ки ба тоҷикӣ дар пайравии қасидаи Ҷомй сурудааст, аз беҳтарин Қ.-ҳои ахлоқӣ ҳисоб меёбанд.

Вобаста ба шароити зиндагӣ, ҳаёти иҷтимоию сиёсии давр, аҳволу маишати шоирон мазмуну мундариҷа ва шакли Қ,, тағйир ёфтааст. Дар тарғибу ташвиқи ақоиди иҷтимоии шоирон (даъвати шоҳон ба адлу адолат дар мадҳияҳо), ашкъори панду ахлоқии онҳо, баёни афкори фалсафӣ ва ғ. аҳамияти Қ,- зиёд аст. Қ,.-ҳои мадҳӣ гарчанде аз ҷиҳати ғоя паст бошанд ҳам, аз тарафи дигар онҳо бо фаро гирифтани руйдодҳои таърихӣ аҳамият доранд. Қисмҳои насибу ташбиб (тағаззул)-и онҳо намунаи шеърҳои барҷастаи тасвири образноки табиат («шеърҳои пейзажи») мебошанд. Баъзе Қ.-ҳо маълумоти зиёди ҷуғрофӣ, этнографӣ ва ғ.-ро дар бар мегиранд. Қ. дар адабиёти советии тоҷик мисли дигар шаклҳои шеър: ғазал, рубоӣ, дубайтӣ ва ғ. ривоҷи босазо надошта бошад ҳам, сурудани ин навъ шеър қать, нагардидааст. Дар эҷодиёти Айнӣ, Лоҳутӣ, Раҳимӣ, Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода Қ. ба назар мерасад. Қ.-ҳои адабиёти советии тоҷик аз ҷиҳати мазмун ва мавзуъ нав мебошанд. Бештари ашъоре, ки дар васфи партияю халқ ва корнамоиҳои меҳнатии мардум суруда шудаанд, Қ. мебошанд. Қ,.-и «Кремль»-и Абулқосими Лоҳутӣ, ки дар ҷавоби Қ.-и «Харобаҳои Мадоин»-и Хоқонии Шервонӣ сурудааст, аз ҷумлаи беҳтарин Қ.-ҳои адабиёти советии тоҷик ба шумор меравад.

 

Ад.: Бертельс Е. Э., История персидско-таджикской литературы, М., I960; Акимушкин О. Фм К вопросу о традиции жанра искусственной касыды ва персидской поэзии, дар мацм.: «Иран», М., 1971; Муллоадмадов М., Фаррухии Систонй, Д.. 1977; Абдуллоев А., Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI, Д., 1979;

У. Тоиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …