Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ҚАШШОҚИИ ФАЛСАФА»

«ҚАШШОҚИИ ФАЛСАФА»

«ҚАШШОҚИИ ФАЛСАФА», Навоб ба «Фалсафаи қашшоқӣ»-и ҷаноби Прудон, китоби К. Маркс, ки дар он нуқтаҳои асосии таълимоти иқстисодӣ ва асосҳои фаҳмиши материалистии таърих баён шудаанд. Қ. Маркс дар ин асар идеалии ва метафизикаи П. Ж. Прудонро танқид намуда, қонунҳои ягонагӣ в а муборизаи зиддӣ, инкори инкор ва принципи таърихиятро суботкорона инкишоф дод ва бори аввал таносуби қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолиро аниқ тасвир кард. У инчунин ифодаи назариявӣ ва таҷрид (абстракция)-и муносибатҳои ҷамъиятӣ будани категорияҳои иқтисодиро шарҳ дод. К. Маркс дар асар зимни таҳлили масъалаҳои иқтисодӣ решаҳои таърихии таълимоти хаёлии иқтисодӣ сиёсии классикиро муайян намуда, таносуби муборизаи иқтисодию сиёсии синфи коргарро танқид намуд ва ногузирии бо роҳи революционӣ тағйир додани ҷамъияти буржуазиро асоснок кард. Дар «К. ф.» Маркс баъзе масъалаҳои назарияи ҷамъияти коммунистиро, ки дар он «эволюцияи иқтимоӣ дигар революцияи сиёсӣ буда наметавонад», дахл кардааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …