Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Қаторкӯҳ ҚАРОТОҒ

Қаторкӯҳ ҚАРОТОҒ

ҚАРОТОҒ, Қаротов, қаторкуҳест дар соҳили рости ҷараёни миёнаи д. Вахш. Дар ҳудуди р-нҳои Ёвон ва Куйбышеви вил. Қурғонтеппа. Аз шимол ба ҷануб (аз ағбаи Зардолу то обанбори Сарбанд) ба масофаи қариб 70 км тул кашидааст. Баландиаш то 1700 м. Қаторкуҳ аз таҳнишасти давраҳои юраи боло, табошир ва палеогену неоген таркиб ёфтааст. Дар нишебиҳо ҳар гуна алафҳои даштӣ, хорбуттаҳо ва ҷо-ҷо дарахтони арча, бодоми талхак, дулона меруянд. Дар Қ. таҳнишастҳои юраи боло намаксанг ва таҳнишастҳои палеоген оҳаксангу доломит доранд.

У. Олимов.

karatogh

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …