Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ҚАРОТЕГИН

ҚАРОТЕГИН

ҚАРОТЕГИН, номи таърихӣ (то-революционӣ)-и ноҳияи куҳист, ки дар ҳавзаи д. Сурхоб (болооби Вахш), байни қ-куҳҳои Қаротегин (аз ғарб), Зарафшону Олой (аз шимол), Паси Олой (аз шарқ) ва Пётри Якум (аз ҷануб) воқеъ гашта аст. Ҳоло дар ҳудуди Қаротегин пурра р-ни Ғарм ва қисми р-нҳои Комсомолободу Ҷиргатол ҷойгир шудаанд. Маҳалҳои калони аҳолинишини Қ. Ғарм, Шулмак, Ҷиргатол буданд. Дар маъхазҳои таърихии арабӣ ин ноҳия бо номи Рашт ёдовар шудааст. Аз давраи Темур ва Темуриён дар сарчашмаҳо бо номи Қайртегин ва баъдтар Қаротегин вомехурад. Дар Қ. аз қадим тоҷикон зиндагӣ мекарданд. Моҳи раҷаби с. 1045 (дек. 1635— янв. 1636) қариб 12000 хонаводаи қирғиз ба воситаи Қ. ба Ҳисор гузаштанд ва аз эҳтимол дур нест, ки қисме аз онҳо дар ин ҷо маскун шуда бошад.

rasht_district_in_tajikistan

Аз с-ҳои 70 а. 19 таъсири аморати Бухоро дар ин ҷо пурзур гашт. Баъди ба ҳайати генерал-губернатории Туркистон ҳамроҳ карда шудани баъзе ноҳияҳои шим. аморати Бухоро бо ёрии ҳукумати подшоҳии рус ҳамаи давлатчаҳои мустақили Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла Қ. ба аморати Бухоро ҳамроҳ карда шуданд. Баъди аз тарафи Армияи Сурх торумор карда шудани дастаҳои амир дар Бухорои Шарқӣ 23 марти 1921 дар Қ. Ҳокимияти Советӣ барпо гардид, вале аз сабаби пурзур шудани фаъолияти босмачиён то миёнаҳои с. 1923 Қ. дар амал дар дасти босмачиён буд. 19 июли 1923 маркази маъмурии Қ,— Ғарм аз тарафи қисмҳои Армияи Сурх ва фидоиёни маҳаллӣ озод карда шуд.

Ад.: Маджлисов А., Каратегин накануне установления Советской власти, Сталинабад, 1959.

Ҳ. Пирумшоев.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …