Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Қаторкӯҳи ҚАРОТЕГИН

Қаторкӯҳи ҚАРОТЕГИН

ҚАРОТЕГИН, қаторкуҳест дар қисми марказии РСС Тоҷ., калонтарин шохаи чапи қ-куҳи Ҳисор, Бахшгоҳи д-ҳои Кофарниҳон, Элок ва Вахш мебошад. Тулаш қариб 80 км, баландиаш то 3950 м. Асосан аз гранит, гранодиорит ва диорити синни палеозойи боло таркиб ёфтааст. Дар нишебиҳои қаторкуҳ растаниҳои даштӣ (гандумак, лубиёгиҳо, чатргулҳо ва ғ.) ва дарахту буттаҳои бодоми талхак, дулона, писта, зирк, настаран, тотум, дар сою дараҳо дарахтони бед, сафедор, шумтол, чинор, туг, олуча, санҷид, себу ангури худруй ва ғ. меруянд. Дар баланднҳои зиёда аз 3500 м марғзорҳо мавҷуданд. Доманакуҳҳои ҷан. шарқӣ чашмаҳои гарм доранд: Обигарм, Гармоба, Ҷавонӣ ва ғ.

У. Олимов.

karotegin

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …