Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАРОРИИ ГЕЛОНӢ Нуриддин ибни Мулло Абдурраазоқ

ҚАРОРИИ ГЕЛОНӢ Нуриддин ибни Мулло Абдурраазоқ

ҚАРОРИИ ГЕЛОНӢ Нуриддин ибни Мулло Абдурраазоқ (с. тав. номаълум — ваф. 1582, Банголаи Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз Гелони Эрон ба Ҳиндустон рафта, ба хизмати Акбар дохил шуд. Дар анвои гуногуни шеър асарҳо офаридааст, ки дар девоне фароҳам омада буданд. Абьёти зер аз ӯст:

Равшан шудам эй оташи ишқаш ба сони шамъ,

Ҳам бар мазори хеш ғарибона сухтам.

* *

Гар ишқ дили маро харидор афтад,

Коре бикунам, ки парда аз кор афтад.

Саҷҷодаи парҳез чунон афшонам,

К-аз ҳар тораш ҳазор зуннор афтад.

А. Алимардонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …