Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ҚАРОҚУМ

ҚАРОҚУМ

ҚАРОҚУМ, биёбони регзорест дар Ҷан. Осиёи Миёна, асосан дар терр. РСС Туркм. Масоҳ. қариб 350 ҳаз. км2. Қ. аз ҷиҳати мавқеи географӣ ба Қ.-и Заунғуз (дар шимол), Қ.-и Марказӣ ё ки Қ.-и Пасти (дар ҷануб) ва Қ.-и Ҷан. Шарқӣ ҷудо мешавад. Рельефи биёбон ҳамвор буда, ҷо-ҷо теппаҳо дорад. Баландин пуштаҳояш peг дар Қ.-и Ҷан. Шарқӣ ва Марказӣ аз 3—5 то 30 м, дар Қ-и Заунғуз то 40—60 м.

karakum

Иқлими Қ. ниҳоят континентист, тобистонаш гарми тулонӣ, зимистонаш хунуки муътадил; Ҳарор. миёнаи янв. дар шимол қари б —5°С, дар ҷану б қариб 3°С, июль мутаносибан 28* ва 34°С. Боришоти солона аз 60 то 150 мм. Қ.-и Аму қад-қади сарҳади шим. шарқии Қ. ҷорӣ мешавад; оби д-ҳои Таҷан ва Мурғоб бошанд, дар регзор нопадид шуда мераванд. Дар Қ. обҳои зеризаминӣ бисьёранд. Баҳорон қариб тамоми терр. Қ-ро растаниҳои эфемерӣ ва эфемероидӣ фаро мегиранд; ғеша (хуроки асосии гусфандон), саксавули сафеду сиёҳ, қандим, ақоқиё, зағоза, нахудак ва ғ. меруянд. Ҳайвоноти Қ: ғизол, рубоҳ, гург, гурбаи даштӣ ва ғ. Хояндаҳо ва хазандаҳо бисьёранд. Қисми зиёди биёбон тамоми сол чун чарогоҳ истифода мешавад. Сарватҳои зеризаминиаш: сулфур, нефт ва газ. Аз Қ. роҳҳои калон ва аз канори шим. шарқии он р. о. Чорҷӯй, Қунғирот мегузарад. Дар қисми ҷанубии Қ. канали (Қароқум сохта шудааст, ки он барои обёрии заминҳо ва киштигардӣ хеле зарур аст. Аз Қ. газопроводи Осиёи Миёна — Марказ мегузарад. Пешомадҳои Қ. ба туфайли истифодаи конҳои бойтарини газу нефт, тараққиёти минбаъдаи ирригацияи механиконидашуда, пахтакорӣ, махсусан дар зонаи канали Қароқум, инчунин ривоҷу равнақи чорводорӣ хеле калон аст. Дар Қ. ст. тадқиқоти илмии регзори АФ РСС Туркм.— Репетек воқеъ гаштааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …