Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ҚАРОЧАЮ ЧЕРКАС

ҚАРОЧАЮ ЧЕРКАС

ҚАРОЧАЮ ЧЕРКАС, вилояти автономист дар кишв. Ставрополя РСФСР. 12 янв. 1922 ташки л шудааст. 26 апр. 1926 ба Вил. Автон. Қарочай ва округи миллии Черкас (аз 30 апр. 1928 — Вил. Автон. Черкас) ҷудо шуд. Окт. 1943 Вил. Автон. Қарочай барҳам дода шуд. 9 янв. 1957 вилояти автономии муттаҳидаи Қ. Ч. барпо шуд. Масоҳ. 14,1 ҳаз. км . Аҳолиаш 396 ҳаз. наф. (1986), асосан дарочанҳо, черкасҳо, русҳо. Аҳолии шаҳрӣ—45%. 8 район, 4 шаҳр ва 11 птш дорад. Марказаш ш. Черкас.

cherkassi

Вилоят дар нишебии шимоли Кавкази Калон (нуқтаи баландтаринаш к. Албрус, 5642 м) ҷойгир аст. Ҳарор. Миёнаи янв. аз—5 то —10*С, июль 8—2ГС. Боришоти солона 550 —2500 мм. Дарьёи асосӣ— Кубань. Корхонаҳои истихроҷи маъдан, саноати мошинсозӣ (з-дҳои аппаратураҳои пастшиддат, таҷҳизоти яхдон, асбобҳои коркарди металл), химия, саноати хурокворӣ, сабук мавҷуданд. Гандум, ҷуворимакка, арзан, ҷав, офтобпараст, лаблабуи қанд, сабзавот мекоранд. Боғдорӣ тараққӣ кардааст. Гов, бузу гусфанд, хук, асп, парранда мепарваранд. Вилоят бо орденҳои Ленин (1957), Дустии Халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …