Главная / Гуногун / ҚАРОБУРА

ҚАРОБУРА

ҚАРОБУРА. қароргоҳи палеолитии мансуб ба маданияти мустье. Дар соҳили чапи д. Вахш, 37 км ҷан. ғарби ш. Қурғонтеппа воқеъ аст. С-ҳои 1957—64 В. А. Ранов кашф ва тадқиқ намуд. Олоти палеолитӣ дар самти шим. теппаҳо дар суфачаҳои қадимаи водиҳо дучор мешаванд. Суфачаҳо аз давраи геологии плейстоцени боло боқӣ мондаанд. Аз 9 маҳал дар тули 2,5 км ҳамагӣ 8000 олот (чоппер, чоппинг, нуклеус ва ғ.) ҷамъ оварда шудааст. Бозёфтҳои Қ- мувофиқи шакл ва усули тайёр кардан ба маданияти соани Покистон ва шим. ғарби Ҳиндустон андаке монанд буда, аз руи такмил ҳамчун олоти маданияти мустье фарқ мекунанд. Аз ин сабаб бозёфтҳои Қ,.-ро чун ягона шакли мустақили мустьей-соании давраи мустьеи Осиёи Миёна ҷудо кардан ва шартан ба ҳазораҳои 70—50 то м. нисбат додан мумкин аст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …